ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин шумораи квотаҳоро барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати дарёфти РВП, кам кард.
Ҳуҷҷати мазкур дар портали ягонаи ҳуқуқии кишвар нашр шудааст.
Ҳамин тавр, соли 2021 барои дарёфти РВП дар ҳудуди Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ беш аз 39,3 ҳазор квота ҷудо шудааст.
Дар қиёс бо соли гузашта шумораи квотаҳо қариб 50 дарсад кам шудааст. Соли 2020 квотаҳо барои 60,2 ҳазор муҳоҷир ва ду сол қабл бошад 90,3 ҳазор ҷудо шуда буд.
Шумораи бештари квотаҳо барои вилояти Маскав - 2,5 ҳазор, Маскав - 2 ҳазор ва Санкт-Петербург - 1,2 ҳазор ҷудо шудааст..
Вилоятҳои Ростов, Белгород, Тула ва Ставрополск танҳо як ҳазорӣ муҳоҷиронро тариқи квотаҳо бо иҷозаи иқомат таъмин хоҳанд кард.
Казакова роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандии Русияро нишон дод
Ёдрас мешавем, ки бино ба гузориши ВКД, шумораи муҳоҷирон дар Русия хеле кам шудааст.
Коҳиши муҳоҷирон пеш аз ҳама бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо рабт дода мешавад.