ВКД-и Русия қонуни соддагардонии дарёфти шаҳрвандиро баро муҳоҷирон омода мекунад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкЦеремония вручения российского паспорта
Церемония вручения российского паспорта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои шаҳрвандони хориҷӣ барномае барои содда кардани дарёфти шаҳрвандии Федератсияи Россия таҳия карда мешавад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова дар як конфронси онлайн дар маркази матбуотии МИА "Россия сегодня" ширкат варзид ва дар бораи тағйири низоми гирифтани шаҳрвандии Русия хабар дод.

Начальник Главного управления по вопросам миграции МВД России генерал-лейтенант полиции Валентина Казакова - Sputnik Тоҷикистон
Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо
 Номбурда гуфт, то охири сол, департамент бояд консепсияи қонуни нави федералӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро пешниҳод кунад, ки он тақсимоти возеҳи муҳоҷиратро нишон медиҳад.

"Мо тахмин мезанем, ки феҳристҳои электронӣ ҷорӣ карда мешаванд: феҳристи корфармоён, феҳристи коргарон. Мо ба сӯи ҳуҷҷатҳо бо имконоти электронӣ ҳаракат мекунем" гуфт генерал-лейтенанти полис.

Казакова инчунин гуфт, ба нақша гирифта шудааст, ки имконияти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тавассути портали ягонаи "Госуслуги" амалӣ карда мешавад.

Қадами дигари муҳими лоиҳа ин содда кардани низоми расмиёт барои ҷалби коргарони хориҷӣ мебошад.

Ӯ гуфт, ҳамзамон дар назар аст, аз додани ҳуҷҷати иҷозати иқомати муваққатӣ ва ё РВП даст кашанд, зеро он ҳуҷҷатгузориро барои расидан ба шаҳрвандӣ бештар мекунад.

“Чунон равиши бисёрзинаӣ аст, ки ... Аввал бояд иҷозати иқомати муваққатӣ гирифт, баъдан иҷозат барои истиқомат ва сипас ба имкони гирифтани шаҳрвандӣ наздик шудан", гуфт Казакова.

Казакова: пандемия Русияро ба соддагардонии ҳаёти муҳоҷирон водор кард

Роҳбари Сарраёсати умури муҳоҷират гуфт, ин марҳила (гирифтани ҳуҷҷати иҷозати иқомати муваққатӣ ва ё РВП ) барои хориҷиён бори гарон аст ва расмиёти маъмурӣ танҳо раванди мутобиқшавии муҳоҷиронро дар қаламрави Федератсияи Русия мушкил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0