ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон сафар кард, хабар додааст котиботи вай.
Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Леваканд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Корпоратсияи "Салтанат" ва ҳолати воқеии ҶСК "Азот" шинос шуд,
"Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ бо ҳолати воқеии ҶСК "Азот" масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарони давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идома додани ҷараёни корҳои сохтмонию барқарорсозӣ нақшаҳои мушаххас пешниҳод кунанд", - афзудааст манбаъ.
Дар идома Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти ҶДММ Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин”, хоҷагии деҳқонии “Пахтакор”, “Абдулхайр”, “Назриён” ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигии сокинони ноҳия шинос шуда, корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анҷом дода мешавад, шинос шуд.
Баррасии таъмини барқу гармӣ дар Душанбе: Расулзода гуфт, зимистон бе мушкилӣ сипарӣ шавад
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ сохтмони 347 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 238-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки барои ҳарчи зудтар тақвият бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия аз имконоти фароҳамовардашуда истифода карда, ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намоянд.