ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мушкилии иқтисодии кишвар гуфт, ки дар пайи пандемияи коронавирус ба миён омадааст.
Расулзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон метавонад то охири сол бештар аз 1,6 миллиардро аз даст диҳад. Ин маблағ ҳудуди 20 дар сади ММД Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Расулзода аз ҳамкоронаш даъват кардааст, ки якҷо на танҳо алайҳи коронавирус мубориза баранд, балки дар ба ҳаддиақал расонидани паёмадҳои он дар ҳавзаи иқтисодӣ кӯшиш кунанд.
Коршинос дурнамои ифтитоҳи парвозҳо байни кишварҳои ИДМ-ро арзёбӣ кард
Пештар, Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар хоҳад шуд.