Мотам дар дастгоҳи раиси вилояти Суғд: даргузашти Ином Усмонӣ

© Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ином Усмонӣ, мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилояти Суғд, дар синни 62 – солагӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Яке аз пайвандони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ду ҳафтаи ахир дар шифохона бистарӣ шуда, табобат мегирифт.

“Чанд рӯз дар Шифохонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд хоб рафтанд. Гуфтанд, ки аворизи қалбӣ доранд. Барои мо маълум нест, ки оё маризиашон ба “вируси корона” рабт дорад, ё не. Бегоҳии рӯзи 11 ноябр хабари маргашон расид”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Усмонӣ Ином Султонзод 9 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1980 Донишгоҳи давлатии ба номи Н. Г. Чернышевскийи шаҳри Саратови Русияро бо ихтисоси филолог, устоди забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: даргузашти Ҳотам Муртазоев, муҳаққиқи “гӯристонҳои уран”

Солҳои 1980 то 1991 устоди кафедраи инкишофи нутқи шифоҳии русии Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров), мудири шӯъбаи Марказии илмию методии идораи фарҳанги кумиҷроияи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи №20 ва котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи қишлоқи Ғозиёни ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) будааст.

Аз соли 1991 барои кор ба ниҳодҳои ҳукуматии вилоят омада, нахуст дар вазифаҳои раҳбарии Донишкадаи такмили ихтисос, сипас, шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои ҳукумат ва Иттиҳодияи нақлиёти вилояти Суғд кор карда, замоне ҳам афсари қисми ҳарбии 2850 Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон будааст. Аз соли 1999 дигарбора ба ҳукумати вилоят омада, муовини мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳо ва мудири шӯъбаи ташкил ва сардори Раёсати ташкилии дастгоҳи раиси вилоят буд. Соли 2008 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт.

Ахири ҳамон сол ба ватан баргашта, дар вазифаҳои мудири шӯъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, баъдтар сармутахассиси шӯъбаи маъмурӣ, сармутахассиси корҳои махсус, мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсус ва мудири шўъбаи муроҷиату қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Суғд кард.

7 августи соли 2015 ӯ ба охирин вазифаи худ - мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси вилояти Суғд таъин шуд. Намози ҷанозаи Ином Усмонӣ имрӯз, 12 ноябр, дар деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0