Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: даргузашти Ҳотам Муртазоев, муҳаққиқи “гӯристонҳои уран”

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳотам Муртазоев, олими номии факултаи физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар синни 78-солагӣ аз дунё даргузашт

 ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Яке аз узви оилаи Муртазоевҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, падари хонадон чанде пеш дар мубориза ба бемории ҳамшабеҳи “вируси карона” пирӯз омада буд, вале дирӯз дунёи фониро тарк кард.

“Як дафъа аз бемории ҳамагир, якҷо бо модар дар хона табобат мегирифтанд. Ҳарду пурра аз банди беморӣ раҳо шуда буданд. Умр барояшон ҳамин миқдор насиб кардааст, дирӯз ба Ҳақ пайвастанд, рӯҳашон шод боду ахираташон обод”, гуфт манбаъ.

Ҳотам Муртазоев, яке аз намоёнтарин олимони соҳаи илмҳои дақиқ ба шумор меравад, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ маъруфият дошт.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонии “вируси корона”: даргузашти Қайси Азиз – овозхоне аз хонаводаи маъруфи Азизовҳо

Муртазоев 8 майи соли 1942 дар ноҳияи Форижи вилояти Жиззахи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1965 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ро аз рӯи ихтисоси физикаю математика хатм карда, аз он замон дар ин донишгоҳ ба кор шурӯъ кард ва дар Тоҷикистон муқимӣ шуд.

Солҳои 1966 – 1976 нахуст лабарант, лабаранти калон ва ба дараҷаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт расида, соли 1978 дотсенти ҳамин кафедра шуд. Аз соли 1978 то 1992 дар вазифаи ҷонишини декани факултаи физика кор кардааст.

Солҳои 1980-1983 профессори факултаи илмҳои табии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Конкри ( Гвения, Африқои ғарбӣ) Аз соли 2003 ин ҷониб профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият бурдааст.

Ҳотам Муртазоев аз барҷастарин физикдонҳои кишвар маҳсуб мешавад, ки то ба сатҳи минтақа маъруфият дошт.

Зайниддин Одинавев, сардухтури Бемористони рӯҳии шаҳри Панҷакент  - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Одинаев, сардухтур - “падари беморони рӯҳӣ”- и шаҳри Панҷакент

Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотиаш дар бораи мизони радиатсияи ё афканишот дар макони партовгоҳҳои радиоактивии қаламрави Суғд, ӯро ба як олими сермаҳсули сатҳи минтақа муаррифӣ кардааст.

Пажӯҳишҳои ӯ борҳо аз сӯи масъулони Ожонси амнияти ядроӣ ва радиатсионии кишвар ва созмонҳои байналмиллалии назорат аз энержии ҳастаӣ ва ё МАГАТЭ мавриди корбурд қарор дода шудааст.

Дар вилояти Суғд, нӯҳ партовгоҳи радиоактивӣ аз замони Шӯравӣ боқӣ монданд ва дар онҳо бештар аз 50 милион тон пасмандоҳаи маводи уран хобидаанд.

Аз ин парвотгоҳ, муҳақиқон “гуристонҳои уран” ном мебаранд. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва боду боришоти боронҳои пайдарпай болопуши ин партовгоҳҳо шуста шуда ва боис ба баландшавии мизони радиатсия шудааст.

Субҳ аҳволаш беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

Ин гуна манзараҳо ҳамеша мавриди таҳқиқи илмии профессор Ҳотам Муртазоев ва дигар донишмандону коршиносони соҳа қарор гирифтааст. Маросими ҷанозаи Муртазоев бо иштироки пайванду дӯстон ва ҳамкоронаш дирӯз дар шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0