Даргузашти Одинаев, сардухтур - “падари беморони рӯҳӣ”- и шаҳри Панҷакент

© Акс аз хазинаи марҳумЗайниддин Одинавев, сардухтури Бемористони рӯҳии шаҳри Панҷакент
Зайниддин Одинавев, сардухтури Бемористони рӯҳии шаҳри Панҷакент  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайниддин Одинавев, сардухтури Бемористони рӯҳии шаҳри Панҷакент дар синни 64-солагӣ вафот кард. Дар шаҳр ин мутахассиси соҳаи тибро чун "падари девонаҳо" мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд

 ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Манобеъ аз Бемористони марказии шаҳри Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Одинаев чанд вақти охир аз бемории саратони мағзи сар ранҷ мекашид.

“Барои табобат ба шаҳри Душанбе рафта буданд, аммо умр барояшон вафо накард ва дар пайи ҷарроҳӣ дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, - иброз намуданд ҳамкасбони марҳум дар шаҳри Панҷакент.
Профессор Абдусалом Абдукодиров - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти профессор Абдуқодиров, фарди маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

Зайниддин Одинаев соли 1956 дар дар деҳаи Ғӯйтани ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Рӯзи 7 ноябри соли 2020 дар деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент ба хок супорида шуд.

Одинаев ибтидо духтури одӣ ва баъдан сардухтур таъин шуда, давоми бештар аз даҳ соли охир ин вазифаи пурмасъулро ба зимма дошт.

Дар ҳоле, ки дар шаҳру навоҳии кишвар норасии духтурони равоншинос як мушкили ҷиддии соҳаи тандурустӣ арзёбӣ мешаваду бисёриҳо аз ин гуна беморон парҳез мекарданд, Одинаев бештар аз 30 соли умри худро якҷо бо беморони рӯҳӣ сипарӣ намудааст.

Ин аст, ки муҳаббати ин табибро бисёре аз беморон дарк намуда ба унвони “падари девонаҳо” дар шаҳри Панҷакент мешинохтанду эҳтиром мекарданд.

Зайниддин Одинаев аз табибони донишманди водии Зарафшони кишвар муаррифӣ мешавад, ки ба касби худ содиқ буд ва инчунин ба шеъру адабиёт низ шавқи зиёд дошту пайваста дар маҳфилҳои шеъру адаб ширкат меварзид.

Лентаи хабарҳо
0