Мақоми нави Маликшо Неъматзода, Файзизода ва Назарзода

© акс аз сомонаи ҳукумати НоракМаликшо Неъматзода, раиси тозаинтихоби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода, раиси тозаинтихоби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе роҳбарони нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардиданд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Неъматзода Маликшо Маҳмадшо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

Интихоби раис ва муовинон аз масъалаҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буд, ки имрӯз баргузор шуд.

Инчунин Файзизода Исмоил Нарзӣ, муовини якум ва Назарзода Нигора Нураҳмад, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ба иттилои “Ховар”, Федератсияи иттифоқҳои касаба инчунин нақшаи корӣ барои солҳои минбаъдаро тасдиқ намуд.

“Инчунин лоиҳаи “Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” баъди баррасии аъзои Шӯрои генералӣ маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0