Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи таъиноти кадрӣ пас аз дубора интихоб гардиданаш ба мақоми раисҷумҳурӣ, се додварро барканор кардааст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино бар нусхаи фармоне, ки котиботи раисҷумҳур дар сомонаи президент нашр кардааст, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 ноябр се судяро дар вилояти Суғд аз мақомашон барканор кардааст.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафт қарори Ҳукумат: тафсилоти дигари тағйироти кадрӣ

Дар як фармони раиси ҷумҳур номи се додгоҳи кишвар зикр мегардад, ки бо сабабҳои гуногун барканор шудаанд.

Ҳамин тавр, Турсунзода Бобоҷон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод шудааст.

"Саидзода Илҳом Ҳамид аз вазифаи раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, Раҳматулозода Беҳруз Раҳматуло аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд", - гуфта мешавад дар банди дувуми фармони президент.

Ёдрас мешавем, пештар раисҷумҳур ҳукумати кишварро ба истеъфо равон карда, аъзои онро аз нав таъин карда буд.

Тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон: Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ таъин шуд

 

 

Лентаи хабарҳо
0