ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Ширкатҳои сайёҳӣ, ки масъулияти сафарбаркунии сокинон, барои адои ҳаҷҷи умраро дар кишвар бар зимма доранд, аз сафари қарибулвуқӯъи зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Ислом хабар медиҳанд.
Абдулмаҷид Зокиров, як масъули ширкати сайёҳии "Расулсохтмон" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло гуфтушунид бо масъулони вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад ва қарор аст баъди ба имзо расидани созишнома, дар поёни моҳи ноябр аввалин гурӯҳи сокинон ба зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Ислом Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара сурат бигирад.
"Мо ҳуҷҷатҳоро барои ба имзо расидани шартнома пешниҳод кардем, ҳоло мунтазирем, ки барои қабули зиёраткунандаҳо дар шароити пандемия чӣ шарту шароитҳо пешниҳод мекунанд", - гуфт Зокиров.
Бино ба иттилоъи масъули ширкати "Расулсохтмон", вазорати ҳаҷҷи кишвари Арабистон синну соли зиёраткунандаҳоро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19, маҳдуд намуда, ҳоло танҳо барои аз 18 то 50 солаҳо иҷозаи сафар ба ин кишвар дода мешавад.
Дар пайи хуруҷи ҳамагирии коронавирус ва сабти он дар Арабистони Саудӣ, ин кишвар баҳори имсол сафари зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси Исломро манъ намуд ва барои аввалин бор соли ҷорӣ маросими Ҳаҷ баргузор нагардид.
Баъд аз маҳудудиятҳои чандмоҳа аз "вируси карона" ахиран дар оғози моҳи ноябр Арабистони Саудӣ барои ба ҷо овардани маносики инфиродии ҳаҷи умра руйхати кишварҳоро нашр кард.
Дар феҳристи интишоршуда кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва Белорус шомил ҳастанд.
Сафари шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Миср, Қатар, Италия ва Қирғизистон, Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои сафар ба ҳаҷҷи умра ба таври муваққат манъ шудаанд.
Сафарбаркунии сокинон ба зиёрати инфиродии ҳаҷҷи умраро дар Тоҷикистон ҳоло ширкатҳои сайёҳии "Расулсохтмон" ва "Ормон" ба уҳда доранд.
Аммо масъулони ин ширкатҳо гуфтанд, ки ҳанӯз харҷи сафари сокинон маълум нест ва он баъди дуруст шудани шартнома бо вазорати ҳаҷи Арабистон муайян хоҳад шуд.
Ҳаҷи умра: Арабистони Саудӣ рӯйхати кишварҳоро эълон кард
Харҷи сафари ҳаҷҷи умраи қабл аз замони каронаӣ 20, 5 ҳазор сомонӣ, ё муодили 2, 5 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд.
Ҷисман обутобёфта: эълони озмуни раҳбаладони "Ҳаҷ-2020"
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.