ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ мавориди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус рӯ ба афзоиш аст, хабар медиҳад ИРНА.
Бар хабари манбаъ, шумори гирифторони вируси COVID -19 дар Арабистони Саудӣ аз марзи 123 ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Ба маҳзи афзоиш ёфтани теъдоди ҳолатҳои нави сироятшавӣ, эҳтимолияти бекор кардани маросими ҳаҷи имсол шиддат гирифтааст.
Бар асоси тозатарин гузориши Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ, рӯзи шанбе ташхиси 3 366 тани дигар аз шаҳрвандони ин кишвар мусбат баромад. Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии дардмандони коронавирус ба 123 308 нафар расид.
Зимнан, давоми як шабонарӯз дар Арабистони Саудӣ дасти кам 30 мариз ҷон аз даст доданд ва теъдоди қурбониён ба 932 нафар баробар шуд.
Бар асоси ин гузориш, рӯзномаи англисии "Financial Times" ба нақл аз як масъул дар Вазорати Ҳаҷу умраи саудӣ эълом карда буд, ки Арабистони Саудӣ дар андешаи бекор кардани маросими Ҳаҷи соли 2020 аст.