ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълон кардааст, ки шумори мубталоён ба Covid-19- дар саросари ҷаҳон ба 50 миллиону 739 ҳазору 516 нафар расидааст.
Ба гуфтаи ҳамин Созмон, дар шабонарӯзи сипаришуда боз 91 ҳазору 152 нафар дар саросари олам чун мубталои нав ба қайд гирифта шуданд.
“Аз Covid-19 дар саросари дунё 1 миллиону 262 ҳазору 147 нафар фавтидаанд. Аз ин беморӣ то кунун 35 миллиону 796 ҳазору 183 нафар пурра муолиҷа шудаанд”, таъкид доштааст манбаъ.
Бояд қайд кард, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар кишварро шоми дирӯз 11336 нафар ва фавтидагонро 83 нафар эълон кард. То кунун 10653 (94,0%) нафар пурра муолиҷа шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки Амрико, Ҳиндустон ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар мубталоён ба КОВИД-19 доранд.
Дар Қирғизистон тайи шабонарӯзи гузашта 515 сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд.
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 610 сироятшудаи навро ба қайд гирифта шуд. Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 116772 нафар расидааст ва 1857 ҷон додаанд.
Дар Белорусия то 8 ноябри соли 2020 106 279 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ то кунун 1007 нафар фавтидаанд. Ин кишвар эълон кард, ки то кунун 2 689 137 тест ба коронавирус гузаронида шудааст.
Дар Русия сеюмин рӯз аст, ки аз 20 ҳазор бештар мубталои нав ба коронавирус сабт мешавад.
Шумори гирифторон ба ин вирус ба 1 миллиону 774 ҳазору 334 нафар расида, аз ин беморӣ то ба имрӯз 30 537 нафар ҷон додаанд.
Шабонарӯзи гузашта мақомоти тандурустии Русия аз марги 286 нафар аз COVID-19 хабар доданд.