Мақомоти Хатлон: аксарияти гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтанд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкВрач в палате
Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон эълон кардааст, ки айни ҳол дар вилоят дар муассисаҳои табобатӣ 4 нафар гирифторони бемории COVID-19 бистарӣ шудаанд ва дар муҳити хона 15 нафари дигар табобат мегиранд ва онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон ахиран дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳти раёсати муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа Фирӯза Шарифӣ, таъкид доштааст, ки ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар вилоят 7988 нафар шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд.

“Дар ин давра аз 27707 нафар намунаи молишак (тест) гирифта шуда, дар натиҷа 4249 нафар сироятёфтагон бо ташхиси коронавируси нави COVID-19 дарёфт гардидаанд. Ба ҳолати 2 ноябри соли равон дар вилоят 7721 нафар гирифторони бемории илтиҳоби шуш ва ё пневмания шифо ёфтаанд. Аксари нафарони гирифторшуда ба бемории коронавирус низ пурра табобат ёфтаанд”, - қайд кардааст муовини раиси вилоят.

Инчунин вай зикр кардааст, ки айни ҳол дар сатҳи вилоят шумораи гирифторони ин беморӣ дар муассисаҳои табобатӣ 4 нафар ва дар муҳити хона 15 нафар таҳти назорати табибон қарор дошта, муолиҷа гирифта истодаанд.

Молодые люди прогуливаются по улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни фавт: дар Тоҷикистон аз коронавирус 52 нафар шифо ёфт ва 37 кас тоза мариз шуд

Ҳамамон дар ҷаласаи мазкур қайд шудааст, ки ҳоло дар муассисаҳои госпиталӣ 2629 нафар бистарӣ гардида, аз ин теъдод 2411 нафар табобат гирифтаанд. Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ ҳамагӣ 5407 нафар беморон бо илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 5359 нафар нафар ё ин ки 99,1 фоиз беморон солим гаштаанд”.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур барои пурзӯр намудани чораҳои зарурии саривақтӣ вобаста ба паҳн нагардидани бемории илтиҳоби шуш (пневмония), аз ҷумла коронавирус (COVID-19), таҳти назорат қарор додани фаъолияти ситодҳо, иҷрои дастурҳои раиси ситоди вилоятӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти аъзои Ситод дар самти пешгирӣ аз интиқоли беморӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, таъмини бехатарии кормандони соҳаи тиб, танзими нархи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят, тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ, дар таътили 10-рӯза безарар гардонидани муассисаҳои таълимӣ ба масъулон супоришҳо дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0