ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи "Авесто", ин миқдор картошкаи бардошташуда дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 58 ҳазор тонна бештар аст.
Картошка пас аз орди гандум дувумин маҳсул дар сабади ғизоии хонаводаҳои Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аҳолии кишвар ҳар сол ба як миллиону 200 ҳазор тонна картошка ниёз дорад, ки таъмини ҳамаи ин миқдор аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ғайримумкин аст.
Бо вуҷуди талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши майдони кишт, тавлиди картошка дар 10 соли ахир танҳо 50 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Қаблан, Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои Тоҷикистон аз Афғонистон, Покистон ва то ҳадде аз Русия картошка ворид мекард, аммо имсол ба далели паҳн шудани вируси корона ва баста шудани марзҳо, воридот коҳиш ёфт ва нархҳо боло рафт.
Дар моҳи октябр қиммати ҳар килограмм картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 2,5 сомонӣ буд, ки акнун ба 3,5 сомонӣ расидааст.