Пешниҳоди тағйири номи Шаҳритуз: Тӯс шавад

Обуна шудан
Рӯзноманигор Аъзам Бобоев пешниҳод кардаасӣ, номи ноҳияи Шаҳриту, ки воқеъ дар вилояти Хатлон аст, тағйир дода шавад.

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пешниҳоди Аъзам Бобоевро, ки сомонаи нашрияи “Садои мардум” нашр кардаасӣ, дар он гуфта мешавад, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии мамлакат номҳои зебо гузошта шуд.

Дворуц культуры и информационный центр в Бохтаре - Sputnik Тоҷикистон
Хатлон: номи чанд шаҳраку ҷамоат ва деҳаҳо иваз мешаванд

Аз ҷумла, номҳои Гулистон, Истаравшан, Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Темурмалик баёнгари таъриху тамаддуни бою рангини гузашта мебошанд.

Дар бораи ивази номи ин ноҳия қаблан низ назарҳо ироа шуда буд, ки бархе пешниҳод карданд то номи Шаҳритуз ба Шаҳритӯс иваз карда шавад.

Рӯмон - номи таърихии тоҷикона аз нав ҳифз карда шуд

Муаллиф аз  Фарҳанги забони тоҷикӣ (ҷилди 2) маънои вожаи “тӯз”-ро оварда гуфтааст, ки он маънои гуногун дорад:

1.Туз – пӯсти дарахти сахт, ки бар камон ва зини асп мепечониданд.

Дар камони сапед, туз ниҳод,

Бар сиёҳ аждаҳо камин кушод.

Низомӣ

2. Тӯзӣ – аҳли шаҳри Тӯз.

Ба гетӣ надорам касе ҳамнабард,

Зи румиву тӯзиву озодмард.

Фирдавсӣ

Гавхар Шарофзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ваҳдату Истиқлол камтар мешаванд: ҷонибдории Ҳукумат аз тағйири ҷойномҳои такрорӣ

Дар забони ӯзбекӣ туз намакро мегӯянд. Агар дар ноҳия ягон кони намак мебуд, ин ном мувофиқ меомад.

Вожаи “тӯс” низ ба якчанд маъно омадааст:

1.Тӯс – номи шаҳр дар Эронзамин (зодгоҳи Фирдавсӣ).

2.Тӯс-номи яке аз қаҳрамонҳои "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ

3.Тӯсӣ-номи матоест, ки дар шаҳри Тӯс бофта мешуд:  матои сурхранг ё ҷигарӣ.

Ҷаноби Бобоев гуфтааст, агар ноҳияи Шаҳритуз гӯем, манзур истилоҳи “ноҳия” ва “шаҳр” аст. Ҳол он ки мақоми “шаҳр” аз “ноҳия” фарқ мекунад.

Ёдовар мешавем, охири моҳи сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуз Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Тӯс”, ки таъмиру азнавсозӣ гардид, оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, дар маркази боғ муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ – Тӯс, ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шуд, навиштааст муаллиф.

Ӯ пешниҳод кардааст, ки агар ноҳияи Шаҳритуз “Тӯс” номгузорӣ шавад, беҳтар аст.

Қарорҳои Ҳукумат: тағйири номи қуллаи баланди Помир, ки олими рус ба номи занаш гузошт

Шаҳритуз яке аз калонтарин ноҳияҳои марзии вилояти Хатлон буда, 29 августи соли 1930 таъсис ёфтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0