Хатлон: номи чанд шаҳраку ҷамоат ва деҳаҳо иваз мешаванд

Обуна шудан
Дар ин бора худи сокинони навоҳӣ ва шаҳрҳои мазкур дархост ирсол кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон 13 лоиҳаи номивазкунии чандеро таъйид кардааст, ки ба наздикӣ тасдиқ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтиа раиси кумита, то имрӯз ба кумита 36 дархост аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ворид гардидааст. 

"Дар шаш моҳи аввали сол равон 36 дархост аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ворид гардидааст, ки  аз 24 тои он аз вилояти Хатлон мебошад", - тавзеҳ додааст раиси кумита.
Умед Джайхони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?

Ба қавли ӯ, дар ин робита, 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо барои мувофиқа намудан омода гардидааст.

"Ин  лоиҳаҳо  номивазкунии баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва номгузории баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Сангвор, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод ва ҳудуди вилояти Хатлонро дар бар мегиранд", - афзудааст вай.

Давоми 18 соли дар Тоҷикистон, 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Номивазкунии  воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мунтазам ба вуҷуд омада, аз 51 ноҳия, номи 23 ноҳия иваз карда шудааст. Аз ҷумла, 12 адад ба вилояти Хатлон, 2 адад ба вилояти Суғд, 5 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 4 адад ба шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.

Шуд: Қӯрғонтеппа расман ба Бохтар номгардон шуд

Аз соли 2000 ба 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Новобаста аз он, ки солҳо аз номивазкунии маҳалҳои гуногун дар Тоҷикистон паси сар шудаанд, сокинони маҳаллӣ то ҳол аз номҳои пештараи онҳо  истифода мекунанд. Масалан, Ленинский район ба ноҳия Рудакӣ тағйири ном кардааст, аммо то имрӯз кам нестанд афроде, ки ин ноҳияро “Ленинский район” ном мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0