Намояндаи Ҳизби Демократ Ҷой Байден дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, Байден 290 раъйи ҳайати интихобкунандагонро ба даст овардааст. Зиёда аз 75,1 миллион нафар ба тарафдории демократ овоз доданд, ки ин дар таърихи интихоботи президентии ИМА рекорд мебошад.
Байден зимни суханрониаш гуфт: "Мо дар интихобот бо шумораи овозҳое, ки пештар касе нагирифтааст, пирӯз шудем".
Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд
Вай таъкид кард, ки барои баргардонидани эҳтиром ба ИМА дар ҷаҳон, номзад ба мақоми президентӣ шудааст.
Зимнан, Доналд Трамп дар вокуниш ба гузориши расонаҳои амрикоӣ дар бораи пирӯзии рақибаш аз ҳизби демократҳо таъкид кардааст, ки Ҷо Байден бо тақаллуб ва бидуни мадрак дар эъломи пирӯзӣ дар интихобот шитоб кард.
Вазъи феълии Амрико пас аз эълони натоиҷи интихоботи президентиро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.