Иштироки Расулзода дар нахустин ҷаласаи байналмилалӣ баъди таъиншавиаш

© Sputnik / Максим БлиновПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баъди аз нав таъин шуданаш ба мансаби сарвазири Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи байналмилалӣ, Шӯрои сарони Ҳукуматҳои ИДМ иштирок кард

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

"Аснои баргузории ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба нақши кишварҳои аъзои ИДМ дар самти пешбурди соҳаи иқтисод ва молия, роҳу коммуникатсия, гумрук, алоқа, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар соҳаҳо таъкид доштанд", - менависад "Ховар".

Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон
75 соли СММ: мушкилоти кӯҳна, чолишҳои нав ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ

Зимни суханронӣ сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки дар 9 моҳи соли 2020 мубодилаи молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ 1,7 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 кишварҳои аъзо фаъолияти дастаҷамъонаро ба роҳ монда, дар ин самт андешидани чораҳои заруриро идома дода истодаанд.

Баррасии таъмини барқу гармӣ дар Душанбе: Расулзода гуфт, зимистон бе мушкилӣ сипарӣ шавад

Дар ҷаласа оид ба татбиқи Барномаи ҳамкории инноватсионии байнидавлатии кишварҳои узви ИДМ барои то соли 2030 ва Стратегияи тақвиятбахшии иқтисоди ИДМ барои давраи то соли 2030 ибрози ақида карда шуд.

Дар анҷоми кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Лентаи хабарҳо
0