Омори ҷадиди вазорат: боз 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкГоспиталь COVID-19 в ЦИТО им. Н. Н. Приорова
Госпиталь COVID-19 в ЦИТО им. Н. Н. Приорова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ортик Кодир на презентации книги поэтессы Таджикистана Гулрухсор Сафиева - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии Ортиқи Қодир бар вируси корона

Ба иттилои манбаъ, то 7 ноябри соли равон  дар ҷумҳури шумораи дардмандони коронавирус ба 11294 нафар расид.

Дар 24 соати гузашта, 48 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ба ҳамин минвол шумораи шифоёфтагон ба 10 594 (93,8%) нафар баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ таъкид доштааст, ки аз замони бурузи ин маризӣ дар Тоҷикистон, дасти кам 83 мариз ба ҳалокат расиданд.

Вазорат таъкид доштааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд ва бори дигар аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар замони пандемия риоя қоидаҳои санитарӣ, пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро фаромӯш насозанд.

Лентаи хабарҳо
0