Пирӯзии Ортиқи Қодир бар вируси корона

© © Sputnik / Амир ИсаевОртик Кодир на презентации книги поэтессы Таджикистана Гулрухсор Сафиева
Ортик Кодир на презентации книги поэтессы Таджикистана Гулрухсор Сафиева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ахиран таъкид доштааст, ки тайи як моҳи ахир аз бемории вируси корона ранҷ мекашид

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дар суҳбат бо Pressa.tj қайд кардааст, ки феълан вазъи саломатиаш беҳбуд ёфтааст.

“Қариб як моҳ азият кашидам. Короновирус бемории сангине будааст ва дуо мекунам, ки касе ба ин бало гирифтор нашавад. Ман аз 9-уми октябр ба ин ҷониб рӯйи бистар ҳастам. Ду-се рӯзи охир ҳалам каме беҳтар шуд.” – гуфт ӯ.

Ортиқи Қодир зикр кард, ки тайи як моҳ дар хона табобат гирифтааст.

Торговля на барахолке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Маълум нест, ки чӣ аст: кори "вирускуш" – и ҷопонӣ ба прокуратураву КДАМ рафт - акс

“Аз сабаби он ки наздиконам табибанд дар хона бароям шароити табобат муҳайё карданд. Вазнинӣ гузашт, акнун аз Худованд умедворам, ки ба наздикӣ ба ҳаёти муқаррарӣ баргардам.”-гуфт ҳунарпеша.

Ҳунарпеша таъкид доштааст, ки дар ин шабу рӯз дӯстону пайвандонаш ӯро танҳо нагузоштан .

“Дӯстону ҳамкасбон, роҳбарияти театр ҳамеша аз аҳволам бохабар буданд ва телефонӣ аз саломатиам мепурсиданд. Ба ҳамаашон сипос мегӯям”, - гуфт ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0