ДУШАНБЕ, 7 ноя - Sputnik. Бино бар иттилои ВКД Тоҷикистон, 5 ноябр, шабона тақрибан соатҳои 23:40 дар маркази дилхушии "Барбароса" ду ҷавони 23 ва 27-сола дар ҳолати мастӣ даст ба дуздӣ задаанд.
Онҳо, сокинони ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, дар клуби шабонаи Хуҷанд марди 45-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди лату кӯб қарор дода, аз ҷайби шимаш 1-адад телфони мобилии тамғаи "Алкател" ва 1 ҳазору 700 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вазорат меафзояд, гумонбарон дастргир шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи октябр хабар дода шуд, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд дар пайи як қарор фаъолияти ҳашт маркази дилхуширо манъ кардаанд.
Қарори манъи марказҳои дилхушӣ аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова, дар пайи дастури раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи боз доштани фаъолияти ин гуна марказҳо то ба эътидол омадани вазъи эпидемологӣ, баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шуд.
Дастури раиси Хуҷанд ва идораи беҳдоштӣ иҷро нашуд: клубҳои шабона ҳанӯз бозанд – видео
Дар рӯйхати марказҳои дилхушие, ки бо қарори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бояд баста мешуданд, номи маркази дилхушии "Барбароса" низ зикр мешуд, ки вазорат имрӯз аз содир шудани ҷинояти дуздӣ дар он хабар дод.