Хатарнок: мақомоти Хуҷанд фаъолияти клубҳои шабонаро манъ карданд

Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар пайи як қарор фаъолияти ҳашт маркази дилхуширо манъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Маъмур Юсуфзода, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд, қарори манъи марказҳои дилхушӣ аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шудааст.

Молодожены во время свадебной фотосессии в Газе  - Sputnik Тоҷикистон
Баёнхати тӯйдорон, манъи аксгирӣ ва иҷозаи 4 кас дар ЗАГС : қоидаҳои нави тӯй дар Хуҷанд

Ба иттилои манбаъ, дар пайи қарори Таҳмина Усмонова фаъолияти марказҳои дилхушии “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

“Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси қарори мазкур марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0