ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Рақиби асосии Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА, Ҷо Байден мегӯяд, ки ба ӯ даст медиҳад, аз 270 раъйи зарурӣ 300 овозро соҳиб шавад, хабар медиҳад РИА Новости.
Байден гуфтааст, ҳоло омода нест аз пирӯзии худ эълон кунад, вале аллакай маълум аст, ки ӯ ғолиб меояд. Трамп пештар гуфта буд, ки Байден набояд дар бораи пирӯзиаш "ғайриқонунӣ" сухан гӯяд ва таҳдид кард, ки дар ин робита ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.
"Ҳоло мо омода нестем дар бораи пирӯзӣ эълон кунем, вале рақамҳо аёнанд: мо дар ин рақобат пирӯз мешавем. Мо дар Аризона ва Невада пирӯз мешавем... Бартарияти мо дар Невада дучанд шуд. Мо барои гирифтани 300 раъйи интихобкунандагон омода мешавем", - гуфт номзади Ҳизби демократӣ.
Байден гуфт ӯро беш аз 74 миллион амрикоиҳо - бештар аз ҳар президенти ИМА, дастгирӣ кардаанд.
Интихоботи президентии Амрико ба анҷом расида, феълан дар тамоми иёолоти кишвар баршумории овозҳо идома дорад. Новобаста аз ин, штабҳои Байден ва Трамп якчанд маротиба ҳар яке номзадҳояшонро пирӯз эълон карданд.
Байден шумораи рекордии овозҳоро дар торихи интихоботи Амрико ба даст овард
Ёдрас мешавем, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.
Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 дарсади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.