ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино баир иттилои дафтари матбуоти раиси мақомоти вилояти Суғд, нимаи дуюми рӯзи 4 ноябр Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.
Дар ин “Муждаи зафар” гуфта шудааст, ки кишоварзони олиҳиммати ноҳияи Мастчоҳ соли ҷорӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тамоми нерӯву заҳмати худро равон намуда, дар майдони 12008 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд.
Гуфта шудааст, ки заркорони ноҳия соли ҷорӣ ба ҷойи 27430 тоннаи нақша, хушбахтона ба санаи имрӯз, 4 ноябри соли равон 27439 тонна пахтаро ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон раиси ноҳияи Мастчоҳ қайд кардааст, ки истеҳсоли пахтаи имсола дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5563 тонна зиёд мебошад.
Тибқи нақша имсол дар вилоят 129500 тонна пахта истеҳсол карда мешавад. То имрӯз бошад 116356 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,9 дарсади нақша баробар аст. Ҷамъоварии ҳосил дар навоҳии пахтакор идома дорад.