ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раиси вилоят, Аҳмадзода ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати деҳоти Ёва ташриф оварда, бо рафти ғунучини ҳосил шинос гардид.
“Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли 18200 тонна пахта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 13234 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст. Пахтакорони ноҳия ҳамарӯза бо кӯмаки ҳашарчиён беш аз 320 тонна пахта чида, ба хирман месупоранд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки заркорони ноҳия рӯзҳои наздик нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.
Сипас Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии “Зафариён” ва “Юсуфсаркор” шинос шудааст, ки дар ин корхонаҳо коркарди пахта муташаккилона ба роҳ монда шуда, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Раиси вилоят ҳамзамон ба манзили сокини ноҳия, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд.
Ба иттилои котиботи раиси Суғд, механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои ободиву шукуфоии бештари Ватани азиз дасти дуо бардошт.