China International Import EXPO: ширкатҳои тоҷикӣ ширкат доранд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Сеюмин намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин (China International Import EXPO) фақат як ширкат аз Тоҷикистон иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Дар Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ, ки тариқи видеоконфронс баргузор ва бо сухани ифтитоҳии Си Ҷин Пин, раиси Ҷумҳурии халқии Чин оғоз шуд, раҳбари ин ниҳод Завқӣ Завқизода иштирок намуд.

 “Дар ин маросим сарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Покистон, Чили, Сербия, Испания, Папуа Гвинеяи Нав ва Африқои Ҷанубӣ, директорҳои генералии ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (WTO), Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD), Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WIPO) ва Ташкилоти озуқавории ва кишоварзии СММ (UN FAO) ширкат намуданд”, - гуфт манбаъ.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар ин намоишгоҳ пешниҳод намуд. Қайд бояд кард, ки аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 намоишгоҳи қаблӣ шартномаҳо ба маблағи зиёда аз 5 млн. доллар ба имзо расонида шуд.

Министр экономического развития и торговли Завки Амин Завкизода провел видеоконференцию с Главой миссии Международного Валютного Фонда (МВФ) в Республике Таджикистан госпожой Падамжа Ханделвал - Sputnik Тоҷикистон
ХБА фикрашро дигар кард: Тоҷикистон таназзул на, рушд хоҳад кард

Чин яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои чорум қарор дорад. Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 342,4 миллион долларро ташкил дод.

Ин рақам дар соли 2019 660,9 миллион долларро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтанд, ин дафъа дар ин намоишгоҳ, ки дар шаҳри Шонгҳойи Чин баргузор мешавад, танҳо як ширкати тоҷикӣ сангҳои ороишӣ ва нимқиматбаҳои худ ширкат хоҳад кард.

“Қарор буд, ширкатҳои дигар низ бираванд, аммо як шарти намоишгоҳ ин буд, ки ширкаткунандагон ду ҳафта қарантина шаванд. Аз ин хотир, дигар ширкатҳо аз ширкат худдорӣ карданд. Дар намоишгоҳи қаблӣ чандин ширкати тоҷикӣ, ки бо содироти меваи хушк, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо машғуланд, иштирок доштанд”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар 2 намоишгоҳи қаблӣ соҳибкорони тоҷик ба маблағи зиёда аз 5 миллион доллар шартномаҳо ба имзо расонида буданд. Имсол дар China International Import EXPO беш аз 150 намояндаи давлатҳо ва зиёда аз 500 ширкату корхонаҳои азими ҷаҳон маҳсулоти худро муаррифӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0