ХБА фикрашро дигар кард: Тоҷикистон таназзул на, рушд хоҳад кард

© Министерство Экономического Развития и Торговли Республики ТаджикистанМинистр экономического развития и торговли Завки Амин Завкизода провел видеоконференцию с Главой миссии Международного Валютного Фонда (МВФ) в Республике Таджикистан госпожой Падамжа Ханделвал
Министр экономического развития и торговли Завки Амин Завкизода провел видеоконференцию с Главой миссии Международного Валютного Фонда (МВФ) в Республике Таджикистан госпожой Падамжа Ханделвал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дурнамои худро дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2 фоизи таназзули қаблӣ то ба 1 фоизи рушд баланд кард

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Бино ба иттилое, ки маркази матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, ин нукта дирӯз, 28 октябр, зимни вохӯрии онлайнии Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Падамжа Ханделвал, роҳбари миссияи ХБА дар Тоҷикистон зикр шудааст.

Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду фоиз кам: Вазорати иқтисод дурнамои рушд дар соли 2020-ро бозбинӣ кард

Бино ба ин манбаъ, дар ҷараёни видеоконфронс ҷонибҳо тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоту тадобири зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон ва тақвияти самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

"Дар умум, ХБА тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 – ро дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад", - иттилоъ дод манбаъ.

Вазорати рушди иқтисод аз афзоиши ММД хабар дод

Моҳи июни соли равон ХБА дурнамои рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳонро нашр намуда, рушди Тоҷикистонро – 2, ё 98% пешбинӣ карда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати рушди иқтисоду савдо, ин ниҳоди бонуфузи молиявии байнулмилалӣ пас аз баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро то ба 1%, ё 101% рушд баланд намуд.

Дар ҳамин ҳол, худи вазорати рушди иқтисоду савдо Тоҷикистон афзоиши маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и кишварро дар соли 2020 4,7 ё 104,7% пешбинӣ мекунад.

"Дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти кишвар 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст", - гуфтанд дар вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 эҳтимол ба 1,2 фоиз ба ҷои 4,2 фоиз баробар мешуд.

Лентаи хабарҳо
0