ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, яке аз гардонандаҳои ин гурӯҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин шабакаи иҷтимоии маъруфи интернетии ҷаҳон ба гардонандагони гурӯҳ навиштааст, ки онҳо меъёрҳои иҷтимоъ ё ҷомеаи Фейсбукро нақз кардаанд ва гуруҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” дақиқан то як моҳи дигар баста хоҳад буд.
“Онҳо навиштаанд: “Мо иҷоза намедиҳем, ки ҳамчунин воситаҳо, назири ниқобҳои тиббӣ барои рӯй, маҳлулҳои зиддиуфунӣ барои дастон, таркоғазҳои зиддиуфунӣ ва тестҳо, фурӯхтаву таблиғ шаванд ё аз муассирияти онҳо гуфта шавад”. Ва менависанд, ки меъёрҳои зайли ҷомеа дар саросари ҷаҳон дар Фейсбук татбиқ мешаванд” , - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Гурӯҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” ҳудуди 10 соли қабл аз сӯи Манзура Маҳкамова, яке аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ поягузорӣ шуда, дар ҳоли ҳозир дар “Фейсбуки тоҷикӣ” аз панҷгонаи сераъзотарин мебошад.
Он ба таблиғи фарҳангу урфу одат, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва пахши иттилои мухталиф дар бораи шаҳри Хуҷанд ихтисос ёфтааст. Мавориди ҳалли мушкили ҷомиа, ки дар ин гуруҳ матраҳ шудаанд, низ зиёд будааст.
Маъмури Юсуфзод мегӯяд, борҳо мушкили роҳ, об, барқ ва дигар масоил дар гуруҳ матраҳ шудаву аз ҷониби мақомот ҳалли худро пайдо кардааст.
“Аз ин хотир, мо ба маъмурияти Фейсбук дар ин бора навиштем ва посух гирифтем, ки дархости моро то 2 декабр баррасӣ хоҳанд кард. Он замон маълум мешавад, ки оё дигарбора гуруҳ барқарор мешавад, ё хайр. Аммо парешон кардани як ҷамоаи бузурги 70 – ҳазорнафарӣ гапи сода нест. Умедворам, ки мудирияти Фейсбук моро дарк мекунад”, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Дар ҳамин ҳол, тарғибу ташвиқи воситаҳои муҳофизатии инсон, назири ниқобу айнаки тиббиву маҳлулҳои зиддиуфунӣ дар шароити пандемияи “вируси корона”, ки ба хотири огаҳиву иттилоърасонӣ ба мардуми оддӣ анҷом мешавад, чӣ бадӣ дорад?
Гап сари пул?
Ҳарчанд маъмурияти Фейсбук дақиқан инро шарҳ намедиҳад, коршиносон бар инанд, ки ин ба аҳдофи тиҷории ин шабакаи машҳури ҷаҳонӣ марбут аст ва гурӯҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” ба ҳамёни Фейсбук даст бурдааст.
Нурулло Ҳусейнов, мутахассиси фанновариҳои ҷадид, мегӯяд, даромади солонаи Фейсбук аз марзи 70 миллиард доллар убур мекунад ва ин даромадҳо қабл аз ҳама аз ташвиқу рекломи амволи тиҷоратӣ ба даст меоянд.
“Мудирияти ин шабакаи ҷаҳонӣ муҳтавои онро ба тамоми забонҳои ҷаҳон мониторинг ва таҳлил мекунанд. Бахусус, як соли ахир таблиғу рекломи молҳову хизматрасониҳои тоҷикӣ низ дар ин шабака васеъ густариш ёфтааст. Ҳоло дар роликҳои видеоии Фейсбук шумо рекламаи бонкҳову дигар хизматрасониҳои тоҷикиро мебинед. Ин ба он маъност, ки шабака дар Тоҷикистон низ суду манфиати молиявӣ дорад. Пул ба саломатӣ раҳм надорад”, - гуфт Нурулло Ҳусейнов.
Дар ҳамин ҳол, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид кард, ки бино ба онҳо, ширкатҳои хизаматрасони интернетӣ, назири Google, Apple, Facebook ва ғайра ба пардохтани андоз муваззаф мешаванд.
Фейсбук (Facebook) яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳон аст, ки соли 2004 дар Амрико таъсис ёфта, дафтари марказиаш ҳам дар аёлати Калифорния аст ва ба панҷгонаи сомонаҳои пурбинандаи ҷаҳон ворид мешавад. Саҳҳоми Фейсбук соҳиби хадамоте, назири Instagram и мессенҷери Whatsаpp низ мебошад. Бино ба додаҳои расонаҳои ҷаҳонӣ, арзиши Фейсбук ҳоло ба 300 миллиард доллар дакка мехӯрад.