Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қаллобон хоб намераванд: чӣ гуна бояд аз маккорон дар давраи коронавирус эмин шуд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкПокупатель в аптеке
Покупатель в аптеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вазъияти паҳншавии густурдаи коронавирус маккорон ва фиребгарон сокинони содда ва ба таҳлука афтодаро ба доми худ мекашанд ва фоидаи хубе ба даст меоранд

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik, Мария Науменко. Дар вазъияти пандемияи коронавирус қаллобон аллакай роҳҳои нави даромадро ёфтаанд ва мардуми соддаро ба доми худ мекашанд.

Чанд схемаи возеҳи қаллобон ва роҳҳои эмин шудан аз онҳо дар маводи Sputnik Тоҷикистон.

"Тест"-ҳо барои ошкор кардани коронавирус

Дар Русия дар шабакаҳои бонуфузи интернетӣ эълонҳои фурӯши тестҳои қалбакӣ, ки гуиё аз Чин оварда шудаанд, зиёд шудааст.

"Танҳо дар давоми як шабонарӯз коршиносони мо беш аз сад ҳолати қаллобиро ошкор карданд. Қаллобии рӯи рост: қариб ҳамаи сайтҳо рӯзҳои наздик дар интернет сабт шудаанд, тестҳо - "тест барои ошкор карани вируси машҳури чинӣ" - ном гирифтаанд ва ғайраҳо. Қаллобон ба талабот ҷавобгӯй шудаанд. Вақтҳои охир корбарон дар Яндекс беш аз 700 маротиба, тестҳо барои ошкоркунии коронавирус ва макони гузаронидани ташхис барои муайян кардани ин вирусро пурсидаанд", - гуфт, дар суҳбат бо расонаҳо раиси созмони "Сильная Россия" Антон Светков.

Дар аксари маворид қалллобон ҳини гирифтани пешпардохт аз интернет гум мешаванд. Хабарнигори Sputnik дар торномаи Avito, эълоне пайдо кард, ки бар ивази 25 эспресстест 25 ҳазор рубл талаб мешавад.

Мошенники публикуют объявления на популярных сервисах
Қаллобон хоб намераванд: чӣ гуна бояд аз маккорон дар давраи коронавирус эмин шуд - Sputnik Тоҷикистон
Мошенники публикуют объявления на популярных сервисах

"Тестҳо ҳоло дар роҳанд: ду рӯз пеш, аз Ҳонконг равон карда шуданд. Фардо ё пасфардо ҳавопаймо дар Манжур мешавад ва пасон ба Маскав мепарад. Ҳамин тавр пас аз ҳафт рӯз тестҳо дар сарҳади Маскав мешавад", - гуфт фурӯшанда ба хабарнигори Sputnik.

Баъд фурӯшанда илова кард, ки тестҳо дар боркаш ҳамроҳи ёрии башардӯстона ҳастанд ва эҳтимол аст, ки борро дар Маскав накушоянд. Дар чунин ҳол тестҳо ба шаҳри Новосибирск ва аз он ҷо ба Маскав фиристода мешаванд. Ба гуфти фурӯшанда ин нуқтаи баъдии роҳ аст.

Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Барои харидани ин тестҳои қалбакӣ аз харидор маълумоти шахсӣ - шиноснома, суроға ва пепардохти 10 дарсад аз нархи тестҳоро талаб мекунанд.

"Метавонам шиносномаи худро низ ба шумо равон кунам - мегӯяд фурӯшанда то мизоҷашро бовар кунонад, ки тестҳо қаблакӣ нестанд. Ман дар WhatsApp ба шумо рақами корти бонкии занамро равон мекунам. Ҳини гирифтани 2500 рубл мо номи шуморо ба база ворид мекунем ва ҳангоми расидани бор бо шумо дар тамос мешавем", - бовар кунонд фурӯшанда.

Виталий Вехов коршинос ва ҳуқуқшинос тавсия медиҳад, ки ягон навъи борро ғоибона пардохт накунед.

"Ҳоло корхонаҳои қалбакӣ бисёр шудаанд, ки бар ивази пешпардохт ба мардум ниқобҳо пешниҳод мекунанд. Мардум пул равон мекунанд, вале бор ба манзилашон намеояд. Як навъи қаллобии дигар - ҷамъоварии маблағ барои мардуме, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, мебошад. Ба ин навъи қаллобӣ низ мардуми содда дучор мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқшинос тавсия медиҳад, ки ягон навъи харидории ғоибона анҷом надиҳанд ва маълумот дар бораи ҳар як корхонаю ширкатро санҷанд", - гуфт Вехов.

Доруҳои қалбакӣ барои табобати COVID-19

Ашхоси номаълум ба мардум занг мезананд ва барои табобати коронавирус дору пешниҳод мекунанд. Чунин ҳолатҳо масалан дар Русия ва Латвия ба қайд гирифта шудаанд.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия роҳи табобати коронавирусро пайдо кард

Масалан, бознишастагон аз вилояти Киров ба чунин қаллобӣ дучор шудаанд. Қаллобон ба зани куҳансол занг зада худро чун пизишкони табобатхонаи маҳаллӣ муаррифӣ кардаанд. Онҳо хабар додаанд, ки дар бадани ин зан коронавирус пайдо шудааст ва ӯ бояд бар ивази 50 ҳазор рубл дору харидорӣ кунад. Пиразан ба суроғаи равонкардаи қаллобон маблағи гуфтаашонро равон кардааст.

Сарфи назар аз он, ки ҳамаи олимони дунё сари ихтироъи дору бар зидди коронавирус кор мекунанд, то ҳол доруи муаассире пайдо нашудааст.

"Дар Русия феълан доруи ихтироъкардаро озмоиш мекунанд. Ваксина на пештар аз 11 мощ омода мешавад. Ба қаллобоне, ки доруҳои зидди коронаирус пешниҳод мекунанд бовар накунед", - ҳушдор медиҳад маркази муборизаи зидди коронавирус дар Русия.

Чипта барои бозгашт ба Ватан

Қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус сарҳадҳояшонро бастанд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳои мустақими байналмилалии худро боздоштанд. Барои интиқоли шаҳрвандони худ кишварҳои алоҳида парвозҳои вижа роҳандозӣ мекунанд. Чиптаҳо барои парвоз камшуморанд вале хоҳишмандон барои бозгашт ба Ватан, ҳар рӯз меафзояд.

Масалан шаҳрвандони Гурҷистон, дар дигар кишварҳо дармондаанд. Қаллобон чунин ашхосро ба доми худ кашида ба онҳо барои бозгаштан ба Ватан чиптаҳои қалбакӣ пешниҳод мекунанд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии кишварҳо ҳушдор медиҳанд, ки ашхоси воқеъӣ наметавонанд чунин хизматрасониро пешниҳод кунанд ва тавсия медиҳанд, ки ба сафоратхонаҳои кишварҳои худ муроҷиат кунанд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон ба хотири парвоз ба Ватан дар фурудгоҳҳо шабро рӯз мекунанд ва маркази диққати қаллобон мегарданд.

Як мукотабаи муҳоҷирони ӯзбек бо ширкати қалбакии Uzbekistan Airways ба дасти Sputnik расид.

Мошенник вымогает деньги, представившись сотрудником авиакомпании
Қаллобон хоб намераванд: чӣ гуна бояд аз маккорон дар давраи коронавирус эмин шуд - Sputnik Тоҷикистон
Мошенник вымогает деньги, представившись сотрудником авиакомпании

Қаллоб аз номи ширкати ҳавопаймоӣ навиштаанд, ки нусхаи шиноснома ва маблағро барои хариди чипта равон кунад, чун чиптаҳо кам ва хоҳишмандон зиёданд.

Дар баробари ин дар фуругоҳҳои Маскав қаллобон ба боварии мардум даромада аз онҳо барои чиптаи парвоз тариқи хатсайри вижа пешпардохт - 70 дарсади маблағи чиптаро талаб мекунанд.

Праздничный концерт в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

"Қаллобон ба мардум занг зада худро худро кормандони сафоратҳо муаррифӣ мекунанд ва чипта пешниҳод менамоянд. Онҳо ҳамчунин талаб мекунанд, ки маблағи чипта пешпардохт ба корти бонкӣ равон карда шавад. Дар баробари ин онҳо мардумро метарсонанд, ки дар сурати ин бор харидорӣ накардан онҳо дигар наметавонанд ба Ватанашон парвоз кунанд. Дар баробари ин қаллобон аз хизматрасонии хаккерҳо истифода мекунанд ва рақамҳои телефони онҳо чун рақамҳои сафоратҳо намоён мешаванд", - гуфтанд дар суҳбат бо Sputnik намояндагони сафорати Ӯзбекистон.

Дар сафорат қайд карданд, ки ба фурӯши чиптаҳо машғул нестанд ва мардум бояд чиптаҳоро танҳо аз намояндагиҳои расмии Uzbekistan Airways харидорӣ намоянд.

Ҳамчунин коршиносон тавсия медиҳанд, ки ба одамони шабҳанок дар фурудгоҳҳо бовар накунанд. Дар манзилҳое, ки аз ҷониби сафорати Ӯзбекистон пешниҳод мегардад истироҳат кунанд ва парвозҳои чартерриро пайгирӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0