Дар наздикии каниса шабона марде ба ҷониби сокинон оташ кушод ва сипас худро тарконид.
Дар як вақт бо ин ҳодиса, дар дигар ноҳияҳои Вена чанд ҳамлаи дигар анҷом дода шуд. Аз ҷумла террористҳо ба ресторан ва маркази яҳудиён дарафтоданд.
Бино бар иттилои расмӣ, чанд ҳамлаовар муштариёни як қаҳвахонаро асир гирифтанд.
Мақомоти Австрия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан дар хонаҳояшон монанд.
Феълан, дар бораи 7 қурбони ҳодиса ва даҳҳо ҷабрдида хабар дода мешавад.
Инфиҷор дар Вена: навори бозҷӯии ҷангҷӯён - видео
Дертар ВКД Австрия гузориш дод, ки ҳамлаҳоро террористи ДОИШ (ташкилоти террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) анҷом додааст.

1/11
© AFP 2023 / JOE KLAMAR
Шоми душанбе гурӯҳи номаълум дар шаш манотиқи пойтахти Австралия амали террористӣ анҷом дод

Ҳамлаи террористиро дар шаҳри Вена ҷангҷӯйи "Давлати исломӣ" анҷом дод, гуфт раҳбари ВКД Австрия Карл Нехаммир.

3/11
© AFP 2023 / ALES HALADA
Гуфта мешавад, дар паи амалиёт як ҳамлагар нобуд карда шуд ва ковтукови ҳаммаслаконаш идома дорад.

4/11
© AP
Ӯ афзуд, ки ҷинояткори нобудшуда, камарбанди дорои маводи тарканда доштааст. Ин мард мусаллаҳ буд.

Бино бар иттилои расмӣ, чанд ҳамлавар муштариёни як қаҳвахонаро асир гирифтанд.

Мақомоти Австрия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки манзилҳояшонро тарк накунанд.

Раҳбарияти аксари кишварҳои Урупо ба Австрия изҳори ҳамдардӣ карданд.

8/11
© AFP 2023 / JOE KLAMAR
Президенти Фаронса, ки вақтҳои охир таҳти ҳамалоти лафзӣ қарор дошт, гуфт, ки "ба андӯҳи Австрия шарик аст"

9/11
© AFP 2023 / JOE KLAMAR
"Ин Урупои мо аст. Душманони мо бояд доданд, бо кӣ сару кор доранд", - навиштааст Макрон дар саҳифааш дар Twitter.

10/11
© AP / Ronald Zak
Таҳқиқоти ҳодиса идома дорад

11/11
© AFP 2023 / JOE KLAMAR
Гурӯҳе масъулияти ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст
