Ҳамлагари Вена ҷангҷӯйи ДИ* будааст

© AP / Ronald ZakПолицейские выходят на место происшествия после того, как раздались выстрелы, в Вене
Полицейские выходят на место происшествия после того, как раздались выстрелы, в Вене - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми душанбе гурӯҳи номаълум дар шаш манотиқи пойтахти Австрия амали террористӣ анҷом дод. Дар паи ҳодисот се кас ҳалок ва 15 нафар захмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳамлаи террористиро дар шаҳри Вена ҷангҷӯйи "Давлати исломӣ" анҷом дод, гуфт раҳбари ВКД Австрия Карл Нехаммир. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар паи амалиёт як ҳамлагар нобуд карда шуд ва кофтукови ҳаммаслаконаш идома дорад.

"Ҷинояткор ба гурӯҳи террористии ДИ* алоқа дорад", -  гуфт вазири умури дохилии Австрия Карл Нехаммер зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ афзуд, ки ҷинояткори нобудшуда, камарбанди дорои маводи тарканда доштааст. Ин мард мусаллаҳ буд.

Инфиҷор дар Вена

Шаби Вена ноором буд. Дар маркази шаҳр якбора чанд инфиҷор рух дод. Пулиси Австрия амалиёти густурдаи бозҷӯии террористонро роҳандозӣ кард.

В Вене террористы напали на синагогу и ресторан. Есть погибшие(( Камера сняла одного из нападавших - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Шаби хунин дар Вена: ҷангҷӯй дар назди ибодатхона оташ кушод - видео

Марде дар маркази шаҳри Вена дар назди ибодатгоҳ ба сӯи мардум оташ кушод ва худро тарконд.

Дар як вақт бо ин ҳодиса, дар дигар ноҳияҳои Вена чанд амалиёти дигар анҷом дода шуд. Аз ҷумла террористҳо ба ресторан ва маркази яҳудиён дарафтоданд.

Инфиҷор дар Вена: навори бозҷӯии ҷангҷӯён - видео

Бино бар иттилои расмӣ, чанд ҳамлавар муштариёни як қаҳвахонаро асир гирифтанд.

Мақомоти Австрия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки манзилҳояшонро тарк накунанд.

Раҳбарияти аксари кишварҳои Урупо ба Австрия изҳори ҳамдардӣ карданд. Президенти Фаронса, ки вақтҳои охир таҳти ҳамалоти лафзӣ қарор дошт, гуфт, ки "ба андӯҳи Австрия шарик аст".

"Ин Урупои мо аст. Душманони мо бояд доданд, бо кӣ сару кор доранд", - навиштааст Макрон дар саҳифааш дар Twitter.

ДИ* - созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Лентаи хабарҳо
0