Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

© пресс-служба ВОЗГлава представительства ВОЗ в Таджикистане Бахтыгуль Каррыева
Глава представительства ВОЗ в Таджикистане Бахтыгуль Каррыева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева паҳншавии коронавирусро дар Осиёи Миёна ва минтақаъ пешбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Вирус ҳатто дар кишварҳои мутамаддин бо зудӣ паҳн мешавад, таъкид кард намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки зиёд шудани ҳодисаҳои гирифторӣ бо коронавирус ва марг аз он дар минтақаи Аврупо низ ташвишовар аст.

"Мо интизор дорем, ки ҳафтаҳои наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ шумораи гирифторӣ ва марг аз коронавирус меафзояд", - афзуд Карриева.

Намояндаи СУТ афзуд, ки вазъ метавонад дар ҳолати мубоширати бевоситаи одамон ва интиқоли вирус ба нафарони солхӯрда якбора бад шавад.

"Пешбиниҳое, ки тавассуди намунаи эпидимиологии боэътимод ба даст оварда шудаанд, хурсандиовар нестӣ. Бино бар ин намунаҳо, бардошта шудани маҳдудиятҳо метавонанд ба он расонанд, ки моҳи январи соли 2021 нишондодҳои марг аз коронавирус назар ба моҳи апрел 4-5 маротиба бештар шавад", - тавзеҳ дод коршинос.

 

Намояндаи созмон таъкид кард, ки дар моҳи феврали соли 2021 тартиботи оддитарини пешгирии коронавирус ба монанда пӯшидани ниқоби тиббӣ метавонад ҷони 200 ҳазор нафарро наҷот диҳад.

Ӯ гуфт дар ҳоли ташдиди маҳдудият ҳолатҳои марг аз коронавирус камтар хоҳанд шуд.

 

Пешгирии ҷамъшавии одамон дар як ҷо, нигоҳ доштани масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тозаги дастон, худинзивоии гумонбарони гирифтори вирус ва карантини нафарони гирифторшуда ва нафароне, ки бо онҳо иртибот доштанд бояд дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатмӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0