ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, давлати Арабистони Саудӣ рӯйхатти кишварҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо ба рағми маҳдудиятҳои коронаӣ метавонанд барои маносики умраи инфиродӣ ба ин кишвар сафар кунанд эълом кардааст, ки дар ин рӯйхат номи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва Беларус ба чашм мехурад.
Бар асоси ин рӯйхат Эрон, Миср, Қатар, Италия ва Қирғизистон низ ба таври муваққат аз сафар ба умра манъ шудаанд.
Ҳамчунин сафари шаҳрвандони кишварҳои Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин кишвар мамнуъ шудааст.
Давлати Риёз пазириши шаҳрвандони хориҷӣ аз 108 кишварро, ки мойил ба анҷоми ҳаҷҷи умра ҳастанд аз аввали ноябр оғоз мекунад.
Пеш аз ин, Риёз эълом карда буд, ки барои кишварҳое, ки дар он шиддати шуюъи вируси корона коҳиш ёфтааст, ҳаҷҷи умраро баргузор хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки Арабистони Саудӣ пас аз сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, ба таври муваққатӣ вуруди афрод ба ин кишварро барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ карда буд.
"Ҳаҷ-2020" доир намешавад?: Шӯрои уламо гуфт, маблағҳои ҷамъкардаро ба куҷо сарф кард
Кишвари Арабистони Саудӣ, ки Макка ва Мадина — ду макони муқаддас барои мусалмонон дар он ҷойгир ҳастанд, ҳамасола мизбони миллионҳо мусалмон аст ва авҷи сафари онҳо ба мавсими Ҳаҷҷ рост меояд.
Ҳамасола аз Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати ҷойҳои муқаддас сафар мекунанд.