ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Петр Акопов. Нофаҳмиҳо дар худи ИМА новобаста аз пирӯзӣ ва мағлубияти Трамп афзоиш хоҳад ёфт. Дар мадди аввал чунин ба назар мерасад, ки барои Русия ҳеҷ фарқе надорад, ки барои чол соли оянда кӣ ин давлатро роҳбарӣ мекунад.
Иёлоти Муттаҳида ба давраи бӯҳрони системавӣ ворид шуд - ва ин ҳам бӯҳрони дохилии он ҳамчун давлати умумиҷаҳонӣ ва ҳам бӯҳрони тартиботи ҷаҳонии дар атрофи он сохташуда, модели атлантикии ҷаҳонишавӣ мебошад. Вақт ва суръати афзоиши ин равандҳоро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, аммо бешубҳа, онҳо бо ҳам алоқаманданд ва ҳамдигарро ғизо медиҳанд. Аз ин рӯ, Русия наметавонад ба вазъи худи Иёлоти Муттаҳида бетафовут бошад, зеро дар ниҳоят, рафтори онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ аз ин вобаста аст.
Гузашта аз ин, дар ин ҷо ягон робитаи оддӣ вуҷуд надорад. Барои мо албатта муфидтар он аст, ки иёлот ғарқи нооромиҳо бошад, зеро дар ин сурат ин кишвар барои фаъолияти беруна қувва ва имкониятҳои маҳдудтар хоҳад дошт.
Ҳоло, албатта, вазъ дигар аст, новобаста аз афзоиши мушкилоти дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ин давлат ҳамоно аз баландиҳои геополитикӣ босуръат хуруҷ намешавад.
Амрико ақибнишиниро идома медиҳад - аммо барои мо муҳим аст, ки он дорои хусусияти муташаккилона ва пурмазмун гардад. Зеро дар ин ҳолат имкони амалҳои бетартибона, исрофкорона аз силсилаи "Вашингтон имрӯз мағлуб мешавад ва фардо ба ҳамлаи контролӣ гузашта, тасодуфан ҷанги ҳастаиро оғоз мекунад", - камтар аст.
Барои Русия муфидтар он аст, ки Амрико бештар саргарми мушкилоти худ бошад. Аммо мушкили асосӣ, эҳтимолан танҳо пас аз мағлуб шудани Трамп ба амал оянд. Гузашта аз ин, агар президенти амалкунанда ба бохт рӯбарӯ шавад, ихтилоф ҳамон андоза бештар мешавад, зеро ҷонибдорони ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ғалабаи Байденро қабул намекунанд.
Дар натиҷа, Амрико ба ду ихтилоф тақсим мешавад, агар Трамп аз теъдоди зиёди ҷонибдорон бархӯрдор бошад, Байден ин гуна дастгириҳоро надорад. Ба ҳамин хотир, мағлубияти Трамп Амрикоро бештар ба нооромии дохилӣ мувоҷеҳ мекунад. Ба Русия бошад, маъмурияти Байден қарин ва муфидтар аст.
Нақшаи маккоронаи Кремл: нобуд кардани Амрико барои наҷоти Трамп
Байден ҷангҳои нав ва таҳримҳои тозаро ҷорӣ намекунад. Вай танҳо ба татбиқи сиёсати пешинаи Амрико бармегардад, ба он чизе, ки қисми глобалистии элита мехоҳад: Амрико бояд мардумро чаронад ва сохтмони лоиҳаи ҷаҳонии Атлантикро идома диҳад - пас чӣ мешавад, агар он ноком шавад, аммо онҳо чунин фикр намекунанд ва мутмаинанд, ки ҳанӯз ислоҳ ва захира кардан мумкин аст.
Дар ҳамин пасманзар, барои ҷаҳон дигарбора интихоб шудани Трамп муфидтар аст. Агар пас аз пирӯзӣ, Трамп тавонад ҳамлаҳоро дафъ кунад ва қудратро нигоҳ дорад, дар ин сурат давраи дуввуми ӯ назар ба давраи аввал равшантар хоҳад буд. Ҳатто бидуни ба даст овардани назорати Конгресс, он сиёсати мустақилонатарро пеш хоҳад гирифт, ҳам дар муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои мухталиф ва ҳам дар маҷмӯъ дар арсаи байналмилалӣ. Мисли пештара, ӯ фишор хоҳад овард, хариду фурӯш мекунад ва нархҳоро баланд мебардорад - аммо ӯ бештар гуфтушунид хоҳад кард.
Чаро Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои алайҳи Белорусияро манъ кард?
Ва муҳимтар аз ҳама, интихоби дубораи Трамп на танҳо умедҳои атлантистонро зери хок мекунад, балки собит мекунад, ки ҳама чизро ба осонӣ бозидан мумкин аст. Ин рӯҳияи муттаҳидон ва моҳвораҳои амрикоиро дар саросари ҷаҳон тағйир медиҳад. Амрико дигар ҳеҷ гоҳ мисли пештара нахоҳад буд, аз ин рӯ лозим аст, ҳам бо ин кишвар ва ҳам бо давлатҳои дигари ҷаҳон низоми нави равобитро ба роҳ монд.