Заминларзаи 7 - балла, ки Измири Туркияро такон дод, шиддати он то ба Юнон расид.
Бар асари ин офати табиӣ тибқи маълумоти ахир дасти кам 42 нафар қурбон шуда, беш аз 800 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ҷазираи Самоси Юнон пас аз заминларза зери обхезии шадид монд.
Душанберо заминларза такон дод
Дар Измиру Юнон чандин бинову иншоотҳо ба замин яксон шуданд. Аз ҷумла, як қисмат бинои калисое дар Юнон ба замин рехт.
Наҷотбахшон дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ то ҳол дар зери овораву харобаҳо захмиёну қурбониёнро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар робита ба ин офати табиӣ аксари кишвардорон ба президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд.

1/14
© AP / Darko Bandic
Пулиси Измир низ ба гурӯҳҳои имдодрасон пайваст ва ҷасади қурбониён ва захмиёнро ахз зери харобаҳо берун меоранд

2/14
© AP / Michael Svarnias
Бар асари заминҷунбии шадид теъдоди зиёди худравҳо низ хароб гардиданд

Наҷотбахшон дар пайи пайдо кардани захмиён ва ҷасади қурбониён ҳастанд

4/14
© AFP 2023 / Will Vassilopoulos
Заминларза дар Юнон бинои калисоро хароб намуд. Як қисми бинои калисо ба замин рехт

5/14
© AFP 2023 / Ozan Kose
Дар Измир теъдоди зиёди бинову иншооотҳо дар ҳоле фурӯ рехт, ки дохили он одамони зиёд қарор доштанд

6/14
© AP / Michael Svarnias
Заминҷунбӣ ҳамчунин дар пай обхезии шадид ба бор овард

Наҷотбахшон аллакай аз пайи рафъ кардани оқибатҳои нохуши ин офати табиӣ ҳастанд

8/14
© AFP 2023 / STR / Eurokinissi
Ҷазираи Самос дар Юнон низ аз ин офати табиӣ сахт хисорот дид

Биноҳои зиёд дар Измир ба таври даҳшатбор ба замин яксон шуданд

Обхезӣ аз ҳама беш дар ҷазираи Самоси Юнон ба вуқӯъ омад

Худи сокинони маҳаллӣ ба гурӯҳҳои наҷотбахш дар пайдо кардани наздиконашон камари ҳиммат бастанд

12/14
© AFP 2023 / Angelos Tzortzinis
Ба ҷузъ аз обхезӣ, биноҳои зиёд дар ҷазираи Самос рехтанд

Корҳои барқарорсозӣ дар Измири Туркия ҳамоно идома доранд

14/14
© AP / Michael Svarnias
Хиёбону роҳравҳо дар ҷазираи Самос комилан зери об монданд
