Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард

© REUTERS \ TUNCAY DERSINLIOGLUМашина под обломками разрушенного дома после землетрясения в Турции
Машина под обломками разрушенного дома после землетрясения в Турции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар заминҷунбии мудҳиш дар Туркия беш аз ҳаштсад кас ҷароҳат бардошта ва чандин тани дигар қурбон шуданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Шоми дирӯз дар Туркия заминҷунбии мудҳише рух дод, ки Юнонро ҳам такон дод.

Бино ба гузориши охир дар паи ин заминларза дар Туркия 25 кас ба ҳалокат расида беш аз 800 нафар захмӣ шудаанд.. Дар Юнон 20 нафар ҷароҳатдор ва ду тан ба ҳалокат расидааст.

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПоследствия землетрясения в Турции
Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Последствия землетрясения в Турции

Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 7 баллро ташкил додааст. Пас аз чанде марказҳои зилзиласанҷӣ боз рави заминро бо қувваи 5 балл ба қайд гирифтаанд.

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Бо вуҷуди ихтилофи миёни кишварҳо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис телефонӣ суҳбат кардаанд.

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПоследствия землетрясения в Турции
Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Последствия землетрясения в Турции

Дар шаҳри Измир корҳои бартарафсозии харобаҳо идома дорад.

Барои ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар баробари кормандони мақомот ихтиёриён низ кумак мекунанд.

Ҳамчунин Иттиҳоди Урупо, НАТО, Фаронса, Эрон, Озарбойҷон, ИМА, Бритониё ва Чили омодагии худро барои кӯмак изҳор доштаанд.

Лентаи хабарҳо
0