Амрикоиҳо то рафт Арктикаро аз даст медиҳанд. Ба ин хулосаи харобовар барои Амрико узви Кумитаи қувваҳои мусаллаҳи сенат Роджер Уикер и Дэн Салливан омаданд.
Ба гуфтаи вакилон, ба кишвар сахт киштиҳои яхшикан намерасанд, ки тавонанд дар Қутби шимол фаъолият баранд ва Русия дар ин масъала хело пеш рафтааст.
Дар бораи киштиҳои яхшикан ва нақши онҳо дар кишварҳои абарқудрат дар маводи РИА Новости хонед.
Киштии яхшикани танҳо
Уикер ва Салливан мегӯянд: Москва дорои флоти бузургтарини киштиҳои яхшикан аст, ки аз 40 киштӣ иборат аст. Барои муқоиса Горди соҳилии Амрико ҳамагӣ ду киштӣ - PolarStar ва Healy дорад, ки дувумаш пас аз сӯхтор таъмир мешавад.
Як киштӣ барои кишвари абарқудрат дақиқан кам аст. Назорат дар Арктика ба конҳои бойгариҳои табиӣ роҳ мекушояд, ва ҳузури доимии низомиро дар шимоли АвруОсиё таъмин мекунад.
Коршинос ёдрас мешаванд, ин тобистон Нерӯҳои дарёии Русия калонтарин дар даврони ҷанги сард тамрин дар соҳилҳои Аляскаро доир кард.
Афзун бар ин, Маскав солҳои ахир ҳудуди 50 объектро дар Арктика барқарор кард, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бекор монда буданд. Дар он ҷо боз қӯшунҳои мусаллаҳ ҷойгир карда шуданд.
Ин иштибоҳ аст: дар Олмон манъи сохтмони Маҷрои Шимолӣ-2”-ро маҳкум карданд
Чин низ ба сохтмони чунин ду киштӣ оғоз кардааст ва ба минтақа чашм ало мекунад. Дар иди арктикӣ, амрикоиҳо мисли хешовандони бечора ҳастанд.
Аллакай дар моҳҳои июн раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар бораи эҳтиёҷи ташкили флотҳои киштиҳои яхшикан таъкид карда буд.
Амрикоиҳо барномаи густурдаеро дар сохтмони шаш киштии нав, аз ҷумла киштиҳои азимҷусса, ки кишвар 40 сол боз наметавонист, роҳандозӣ карданд.
Маҷлиси Амрико аллакай сохтмони киштии якхшиканеро маблағгузорӣ кардааст, ки бояд соли 2024 ба таҷриба барояд. Феълан барои сохтмони дувумин чунин киштӣ маблағ хостаанд.
Ҳоло бошад, мегӯянд вакилон, бояд фаъолияти Polar Star ҳадди ақал то соли 2023 тамдид кард. Бо назардошти он ки киштӣ ҳанӯз аз аввали аср ба коркарди манобеъ оғоз карда буд, ӯ ҳоло аз ӯҳдаи вазифаи "ғасб"-и Арктика барои Амрико баромада наметавонад.
Навгонии яхӣ
Русия ҳеҷ вақт аз сохтмони киштиҳои яхшикан боз наистода буд. Чунончи, 21 октябр, киштии атомии якшиканӣ лоиҳаи 22220 "Арктика" ба фаъолият шурӯъ кард. Ин киштӣ хело қавӣ буда, чӣ дар уқёнус ва чи дар дарё ҳаракат карда метавонад. Феълан сохтмони 4 киштии дигар Сибирь", "Урал", "Якутия" ва "Чукотка" дар назар аст. Дутои он соли 2021-2022 ба истифода дода мешаванд.
"Ба об рафтани киштии яхшикани "Арктика" - ин танҳо рӯйдоде нест, ки бо сохтмони кишти бузург ба анҷом мерасад, бояд қайд кард, ки оригиналӣ ва дар корхонаи киштисозии ватанӣ бидуни технологияи ғарбӣ сохта шудааст", - гуфт ба Sputnik мудири маркази тадқиқотҳои сиёсиву ҳарбӣ Алексей Подберезкин.
Асосаш - аҳамияти сиёсист. Як қатор киштиҳои яхшикани нав солҳои наздик сохта мешаванд ва Русия метавонад вазъият дар Роҳи баҳрии шимолиро на танҳо дар минтақаҳои чуқур, балки дар ҷойҳои камоб назорат кунад.
"Дар он ҷо ҳама чиз ҷиддӣ аст": чаро НАТО дарёҳои назди-сарҳадии Русияро убур мекунад
Акнун мо метавонем аз Осиёи ҷанубиву шарқӣ минтақаи осиёиву уқёнуси оромиро бо каридори нақлиётӣ таъмин кунем.
Маҳз киштиҳои яхшикани атомӣ гарави муваффақият дар ҳамагуна сохтмони низомиву шаҳрвандӣ дар минтақа аст.
Ба ғайр аз "Арктика", Русия ду киштии дигари дуректорӣ бо тавоноии 75 ҳазор қуваи асп, ду киштии яхшикани якректории тавоноиаш 50 ҳазор қувваи асп, лихтеровози атомӣ ва 4 киштии хидматрасонии технологӣ доранд. Киштии яхшикани "Советский Союз" дар захираи амалиётӣ қарор дорад. Ин як навгонии қутбии бисёр чашмгир, ҳатто бидуни дарназардошти киштиҳои электрикии дизелӣ аст.
Ба охирон, киштии бисёр муосири "Илья Муромец" ворид мешавад, ки ба ҳайъати флоти шимолӣ дар соли 2017 шомил аст. Он қодир аст, ки пурра дар рӯйи яхи ғафсиаш 1 метр ҳаракат кунад.
Ғайр аз иҷрои вазифаи асосӣ - гузаронидани киштиҳо аз тариқи обҳои қутби шимол, киштӣ ба қӯшунҳои арктикӣ бор мекашонад.
Тарҳ ҳамчунин насби силоҳҳои дохилӣ, аз ҷумла тӯпхонаҳои сареи оташнерӯи дарёии АК-630, АК-230, АК-306-ро дар назар гирифтааст.
Аз ҷиҳати назариявӣ, киштии яхшиканро метавон ба киштии ҷангӣ табдил дод, кифоя аст, ки онро бо мушакҳои зиддикиштӣ муҷаҳҳаз кард.
Доим пешқадам будем
Русия доим дигар кишварҳоро дар сохтмони киштии яхшикан пештоз буд. Нахустин кишти яхшикан танобпечи наҷоти "Пайлот" буд, ки соли 1864 ба истифода бароварда шуд.
Қисми пеши махсуси киштӣ ба вай имконият медод, ки ба рӯи ях баромада, бо вазнаш онро шиканад. Ин киштиро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карданд. Зимистони соли 1871 ҳукумати Олмон наққошиҳои киштии яхшиканро харид, то қитъаҳои баҳрии Бандари Гамбург ва Элбуро аз ях тоза кунад, зеро ҳавои хело паст тиҷоратро дар минтақа пурра ях кунонида буданд. Сипас тоҷирон аз Дания, Шветсия ва ИМА аз ин таҷрибаи немисҳо истифода карданд.
Русия Баҳри Сиёҳро пурра назорат мекунад
Нахустин кишти яхшикани атомӣ низ дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда буд ва "Ленин" ном дошт. Он соли 1959 ба истифода дода шуд. Ин азимҷусса киштигардиро дар арзҳои шимолӣ дароз кард.
Танҳо дар шаш сол "Ленин" бештар аз 82 ҳазор милли дарёиро гашт ва мустақилона бештар аз 400 киштиро гузаронид. Соли 1989 "Ленин"-ро дар истгоҳи абадӣ дар Мурманск гузоштанд вай дар рӯйхти ягонаи ёдгориҳои фарҳангии дорои аҳамияти федералӣ ворид карда шудаст.
Русия - ягона кишварест, ки кишти яхшикани лихтеровозро истеҳсол карда, соли 1988 ба истифода додааст. Он қодир аст, ки аз қабати яхи то як метр мустақилона гузарад. То имрӯз он ягона киштии боркашони атомӣ ба ҳисоб меравад.
Су-35-и Русия ҳавопаймоҳои иктишофии Амрикоро боздошт мекунад: амрикоиҳо чӣ меҷӯянд