Эрон гуфт, ки омодаи ҳамагуна кӯмак ба Туркия аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Хасан Роухани
Президент Ирана Хасан Роухани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устони Измир дар ғарби Туркия рӯзи ҷумъа чандин бор ларзид, ки дар яке аз зилзилаҳо ба бузургии 6, 6 риштер, осеби зиёде ба хонаҳои ин минтақа ворид шуд.

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Туркия дар пайи ҳодисаи зилзилаи Измир, омодагии Теҳронро барои ҳар навъ кӯмакрасонӣ ба зилзилазадагон эълом кард.

Машина под обломками разрушенного дома после землетрясения в Турции - Sputnik Тоҷикистон
Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар паёме ба Раиси Ҷумҳурии  Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ибрози таассуф аз заминларзаи дилхарош дар остони Измири ин кишвар ва ҷон бохтану масдум шудани иддае аз шаҳрвандон, аз даргоҳи худованди мутаъол барои хонаводаҳои доғдида бурдборӣ ва барои масдумон, шифои оҷил масалат кард.

Руҳонӣ ҳамчунин дар паёми худ эълом кард Ҷумҳурии Исломии Эрон барои фиристодани ҳар навъи кӯмаки имдодӣ, дармонӣ ва ёрирасонӣ ба мардуми манотиқи зилзилазада омодагӣ дорад ва умедвор аст ҳар чӣ зудтар шароити амн ба манотиқи осебдида бозгардад.

Лавров: Русия оиди Қарабоғи Кӯҳӣ бо Туркия розӣ нест

 Вазири умури хориҷа Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ  Саид Намакӣ,  ва раиси маҷлиси шӯроии исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф низ дар паёмҳои ҷудогона ба ҳамтоёни турки худ бо мардуми Туркия ибрози ҳамдардӣ карданд.

Устони Измир дар ғарби Туркия рӯзи ҷумъа чандин бор ларзид, ки дар яке аз зилзилаҳо ба бузургии 6, 6 риштер, осеби зиёде ба хонаҳои ин минтақа ворид шуд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, токунун 24 нафар дар ин заминларзаи кушта ва 800 нафар низ захмӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0