Ҷавоне, ки мӯй ва дасти духтари 18-соларо буриду таҳдиди куштан кад, боздошт шуд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина тянет за волосы женщину, архивное фото
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони пойтахт хабар медиҳад, ки дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, бо ҷунин иттиҳом ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе зимни як амалиёти пулис боздошт шудааст.

Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марди 43 сола барои сӯиқасд ба ҷони ду зан дар ҳолати мастӣ

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар маҳаллаи Ҳайёти Нав, бе ягон асос ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахтро лату кӯб намуда, бо корди дар дасташ буда, таҳдиди куштан карда, мӯйи сар ва дасташро буридааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

Вазорати умури дохила мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0