Заминларзаи 5-баллӣ Хоруғро такон дод

© AP / STRСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон дар нисфирӯзи 29 октябр дар наздикии шаҳри Хоруғи ВМКБ заминларзаи беш аз 5 баллиро сабт кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои марокизи зилзилашиносӣ, заминҷунбӣ соати 2:32 бо вақти маҳаллӣ рух дод.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

Маркази заминҷунбӣ дар чуқурии 10 километр аз сатҳи замин ва дар масофаи 20 километр аз маркази ВМКБ қарор доштааст.

Ларзиши замин дар шаҳру навоҳии Тоҷикистону Афғонистон эҳсос шудааст.

Заминҷунбии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро ҳам такон дод

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ларзиши заминро эҳсос карданд ва дар бархе минтақаҳо аз ҷунбиши замин сангчарха рух дод.  

То ҳол дар бораи хисороти моддию ҷонии ин заминҷунбӣ иттилое ироа нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0