ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба далели маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ 30 октябри соли 2020 ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ мегардад.
Манбаъ афзуд, аз соати 06:00-и субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ - гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
ВУД Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.
Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд мекунад.
Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.