ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Манобеи муътамад аз Бонки давлатии "Амонатбонк" дар вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҷӯраев дар Бемористони марказии шаҳри Бӯстон аз бемории "илтиҳоби шуш" табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.
"Он кас аз мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ буд. Хабари даргузашти Зариф Ҷӯраев моро бисёр андуҳгин намуд. Ба аҳли пайвандон ва дӯстонашон сабри ҷамил мехоҳем", - зикр намуд манбаъ.
Зариф Ҷӯраев, 15 ноябри соли 1973 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи муосири шаҳри Маскав (РОСНОУ) мебошад.Ӯ солҳои зиёд дар шуъбаҳои бонки давлатии амонатгузории кишвар "Амонатбонк" фаъолият намудааст. Аз ҷумла, то соли 2018, мудири филиали "Амонатбонк" дар Хуҷанд буд.
Аз моҳи феврали соли ҷорӣ, мудири "Амонатбонк" дар шаҳри Бӯстон буд. Онҳое, ки бо Зариф Ҷӯраев ҳамроҳ кор кардаанд, аз ӯ ба унвони як мутахассиси варзидаи соҳаи бонкдорӣ ёд намуда, даргузашти ӯро як талафоти бузург дар "Амонатбонк" арзёбӣ мекунанд.