Раиси “Амонатбонк”: “Долларҳои “таги болишт” фоида надоранд”

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКупюры американских долларов.
Купюры американских долларов. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, ниҳоди зертобеяш имкон дорат ҳамарӯза то 1 ё 2 миллион доллар ба корхонаҳое, ки ниёз доранд бидиҳад

 ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раиси Бонки давлатии Тоҷикистон “Амонатбонк” ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошта, гуфт, ба шарти он ин маблағҳоро дар ихтиёри мизоҷ қарор дода мешавад, ки корхона шаффоф кор мекунад, аз андоз намегурезад ва тавассути ҳисобҳои муросилотии худ фаъолият мебарад.

Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши фоидаи “Амонатбонк” дар давраи"вируси корона"

“Дар додани асъори хориҷа ба чунин корхонаҳо ягон мушкилӣ нест. Бар асоси дастури ҳукумат аввал ниёзи корхонаҳое бароварда мешавад, ки барои воридот ва истеҳсоли маводҳои аввалия машғуланд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.

Раиси “Амонатбонк” дар ин бора замоне изҳори назар кард, ки аз камбуди доллар дар марокизи хизматрасонии бонкаш борҳо шикоят шудаву иддаоҳои бонк дар бораи захоири кофии доллар ботил шумурда мешуданд.

Сироҷиддин Икромӣ гуфт, аксари онҳое, ки мехоҳанд аз бонкҳо доллар ба даст оранд, ҳадафи дигарбора фурӯхтани он дар “бозори сиёҳ” – ро доранд.

Вай афзуд, аз сӯи дигар, давлате, ки худашро эҳтиром мекунад, ба мардумаш набояд доллари нақд фурӯшад.

“Қонун дар бораи ҳисобаробаркунӣ бо пули нақд ҳаст. Дар дохили Тоҷикистон бо пули миллӣ метавонед ҳисоби худро баробар кунед. Агар як асъори хориҷии дигарро ба муомила кашонем, қонун куҷо мешавад? Доллар мегирӣ, чӣ кор мекунӣ? Мегӯяд, ба хориҷа меравам. Хуб, ин тавр бошад, корт кушоед, ба ҳар ҷое, ки мехоҳед равед табобат, таҳсил, тиҷорат ё туризм, марҳамат. Маблағи шумо чӣ қадаре, ки бошад, мо конвертатсия мекунем”, - гуфт раиси “Амонатбонк”.

Сироҷиддин Икромӣ ба масъалаи захира кардани доллар дар дасти мардум низ ишора карда, гуфт, “зери болишт” нигаҳ доштани доллар яке аз сабабҳои камчинии асъори хориҷӣ аст.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

“Ин вазъ “иқтисоди соя” – ро тақвият медиҳад. Ин андеша хатост, ки доллар дар дасти кас бошад, бо болову поён шудани қурб фоида мебинад. Баръакс, маҳз ҳамин маболиғи хуфта як рӯз ба бозор баромада, беқурбиро ба вуҷуд меоранд. Маблағ бояд ҳамеша дар гардиш бошад. Беҳтар аст долларро дар бонк пасандоз гузоштаву фоиз гиранд”, - гуфт раиси “Амонатбонк”.

Лентаи хабарҳо
0