Масҷидҳои Қазоқистон барои намозҳои панҷвақта боз мешавад: бо ниқоб ва фосила

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМечеть Нур-Астана в Нур-Султане.
Мечеть Нур-Астана в Нур-Султане. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар масҷидҳои Қазоқистон гузоштани намозҳои панҷвақтаи дастаҷамъӣ иҷозат дода шуд. Намози ҷумъа бошад, то ҳол бо сабаби карантина мамнӯъ аст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Дар Қазоқистон таҳти роҳбарии сарвазири ин кишвар Аскар Мамин ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 баргузор гардид, менависад primeminister.kz.

Медицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон фавт аз илтиҳоби шуш ва коронавирус афзудааст

Дар ҷараёни ҷаласа қоидаҳои нави фаъолияти масҷидҳо ва театрҳо эълон карда шуданд, ки аз 2 ноябр татбиқ карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, сар аз 2 ноябр ба масҷидҳо иҷозаи намозҳои панҷвақта дода мешавад.

Дар баробари ин, таъкид шудааст, ки ҳангоми намоз набояд беш аз 100 нафар намозгузорон дар толор ҳузур дошта бошанд.

Гуфта мешавад, намозгузорон ҳама бо ниқоб оянд ва миёнашон бояд ду метр фосила бошад.

Намози ҷумъа бошад ҳанӯз ҳам манъ аст.

Дар баробари масоҷид, кори театрҳо низ муҳокима шуда, зикр шудааст, ки толорҳо бояд то 30% пур карда шаванд - на бештар аз 100 тамошобин. Дар ин ҷо низ бояд масофаи иҷтимоӣ риоя карда шавад.

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

Хотиррасон мекунем, ки қаблан театрҳо иҷозат доштанд, ки толорро 50% пур кунанд – тамошобинон як курсӣ пас бишинанд.

Дар Тоҷикистон низ бинобар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дари масоҷид ҳанӯз пӯшида аст.

Мақомоти тоҷик низ дар бораи кай боз шудани он ҳоло иттилое ироа накарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0