Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Қазоқистон фавт аз илтиҳоби шуш ва коронавирус афзудааст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19
Медицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қазоқистон панҷ нафар аз маризии илтиҳоби шуш ва чор нафари дигар аз бемории сироятии коронавирус ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон аз маризии илтиҳоби шуш ва коронавирус дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Омори илтиҳоби шуш

Рӯзи гузашта дар Қазоқистон 158 мавриди ҷадиди мубталошавии шаҳрвандон ба илтиҳоби шуш сабт гардид. Ҳамчунин чаҳор ҳолати фавти шаҳрвандон аз ин дард ба қайд гирифта шуд.

Пробирки для сбора биоматериала в центре крови, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Дар маҷмӯъ аз авоили август 35 717 нафар гирифтори илтиҳоби шуш гардида, 380 мариз ҷон аз даст доданд. Ҳамзамон 28 165 нафарро табибон тавонистанд муолиҷа карда ба хонаҳояшон мураххас кунанд.

Дар Нурсултон дар робита ба афзоиши ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус, қарантин шадидтар шуд.

Омори коронавирус

Шабонарӯзи гузашта дасти кам 100 қазоқистонии дигар ба коронавирус гирифтор шуданд ва панҷ мавриди фавт ба қайд гирифта шуд.

Вазорат: дар Тоҷикистон 10 374 нафар гирифтори коронавирус шуданд

Гуфта мешавад, алъон 2 593 гирифтори коронавирус  бо шумули 125 кӯдак таҳти муолиҷа қарор доранд. Дар муассисаҳои беҳдоштӣ 1 995 нафар ба табобат фаро гирифта шуданд, ки вазъи 80 мариз вазнин арзёбӣ мешавад. Дасти кам 12 нафар ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуданд.

Дар маҷмӯъ 109 302 мубталои коронавирус дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 1 768 бемор фавтида, 104 921 нафари дигар шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0