Дар Тоҷикистон давоми сол беш аз 20 корхонаи ватанӣ ба кор шурӯъ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешНа фабрике по производству тканей, архивное фото
На фабрике по производству тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи нақшаи саноатикунонии барвақтӣ дар Тоҷикистон, сарфи назар аз пандемия, зиёда аз бист корхонаи саноати сабук бо ҷойҳои нави корӣ бомуваффақият ба кор шурӯъ карданд

ДУШАНБЕ, 29 окт - Sputnik. Давоми соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 26 корхона ва коргоҳҳои нави соҳаи саноати сабук ба кор шурӯъ карданд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.

Предприниматель Озодамох Кулова построит предприятие по переработке фруктов в свободной экономической зоне «Сугд» - Sputnik Тоҷикистон
Озодамоҳ дар Суғд бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ корхона бунёд мекунад

Ба иттилои манбаъ, дар нӯҳ моҳи соли 2020, ба туфайли ифтитоҳи ин адад корхонаҳо, зиёда аз 490 нафар бо кор таъмин карда шуданд.

Манбаъ мегӯяд, қариб ҳамаи онҳо ба коркарди пахта, дӯхтани либосҳои гуногун, ҷӯробҳо, халтаҳои полипропиленӣ ва кӯрпаҳои пахта ихтисос додашудаанд.

Ҳамзамон корхонаҳои истеҳсоли пойафзол ва мебел низ мавҷуданд.

Тибқи маълумоти вазорат, соли ҷорӣ дар мамлакат корхонаҳои саноатии “Ваҳдат Текстайл” бо иқтидори солонаи истеҳсоли 19,2 миллион ҷуфт ҷӯробҳои гуногун, ҶДММ “Тоҷтекс” бо иқтидори 20 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ дар як шабонарӯз дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз карданд.

Дар Данғара марҳилаи дуюми ҶДММ "Фарм Текс" барои истеҳсоли докаи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар Хуҷанд дар заминаи "Сано" ва "Нассоҷи Хуҷанд" коргоҳҳои дӯзандагӣ боз шуданд.

Чунин корхонаҳои саноати сабук дар шаҳри Хоруғ, Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав низ пайдо шуданд.

Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд

Хабар дода мешавад, ки дар 9 моҳи соли равон барои васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот дар корхонаҳои саноати сабук ба маблағи 85 миллион сомонӣ (8,2 миллион доллар) барои қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва дӯзандагӣ таҷҳизот насб карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0