ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, соҳибкор Озодамоҳ Қулова тасмим дорад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаи навро бунёд намояд.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳоло бо ташаббуси ин бонуи соҳибкор корхонаи коркарди меваи хушк бунёд шуда истодааст.
“Корхонаи нав “Донаи алмос” номгузорӣ шуда, он тибқи нақшаи пешакӣ бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ бунёд карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи мазкур 40 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни боздид аз ин корхона таъкид доштааст, ки хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозорҳои минтақа харидорони сершумор дорад ва таъсиси боз як корхонаи коркарди мева омили зиёд шудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷа хоҳад шуд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори соҳибкороне, ки хоҳиши бунёди корхонаи саноатӣ дар минтақаро доранд, то рафт афзуда истодааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 29 субъект ба қайд гирифта шуда, аз он 13 адад ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода, аз Ширкати муштараки тоҷикӣ-туркии “Арча-мебал” боздид кард.
Гуфта шудааст, ки ширкат аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки фаъолияти назаррас дошта, ба истеҳсоли мебел ва мизу курсиҳо барои муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва ташкилоту идораҳо машғул аст.
“Аснои боздид аз ин корхона Раиси вилоят барои зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини пурраи муассисаҳо бо мебел ва мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ дастуру супоришҳо дод”, - зикр кардааст манбаъ.