Дар Бадахшон 7 бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони бунгоҳи тиббии ноҳияи Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон ва Маркази саломатии деҳоти Дерзуд дар ноҳияи Рӯшон дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 7 бунгоҳи тиббӣ дар назар аст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Онкологический центр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд саратонро табобати нурӣ мекунанд: ифтитоҳи маркази нав

"Дар  ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои беҳтар гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои Кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) 7 адад бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст", - тавзеҳ медиҳад мабаъ.

Гуфта мешавад, бунгоҳҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Барномаи  Рушди СММ сохта мешаванд.

Бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон ва Рӯшон бунёд мегарданд.

"Тибқи нақша, сохтмони бунгоҳи тиббии Убари даргоҳ дар ноҳияи Ванҷ, Умарак дар ноҳияи Дарвоз, Миденвед дар ноҳияи Роштқалъа, Гармчашма дар ноҳияи Ишкошим, Чечекдеҳ дар ноҳияи Мурғоб,  бунгоҳи тиббии Чошкандез дар ноҳияи Шуғнон ва Маркази саломатии деҳоти Дерзуд дар ноҳияи Рӯшон дар назар дошта шудааст", - афзудааст вазорати тандурустӣ.

Таъмири 17 пули мошингузар дар ВМКБ

Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси ҷойҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарони давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин рӯ ба истифода додани  бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст барои сокинони ин деҳа ҳаётан муҳим мебошад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0