ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд дар назди Маркази саратоншиносии вилоят шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Дар маросими ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.
Дар шуъбаи навтаъсис дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дастрас ва васлу насб шудааст, ки асосан барои ташхис ва табобати бемориҳои саратон пешбинӣ гардидааст.
Бо ифтитоҳи шуъбаи табобати нурӣ ба Маркази саратоншиносии вилоят мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шуда, ба беморон хизматрасонии сатҳи баланди тиббиро ба роҳ мондаанд.
Президент аз афзоиши саратон дар Тоҷикистон гуфт: чанд буду чанд шуд?
"Акнун ба беморон муяссар мегардад, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. То ин дам беморон барои гирифтани чунин табобат ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар мерафтанд", - изҳор дошт директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов.
Шуъба дорои бист кати хоб буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам аст.