ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ба қавли онҳо, тайи як моҳи ахир гузашта қимати орд, равған, тухм, шакар ва дигар маводи ниёзи аввал дирам ба дирам ба таври муназзам боло рафтааст.
“Ба гунаи мисол, як халтаи навъҳои гуногуни орд ҳоло аз 235 то 245 сомонӣ арзиш дорад ва аз як моҳи қабл 10 сомонӣ фарқ мекунад”, - гуфт яке аз фурӯшандаҳои орд.
Хайру футболи газфурӯшҳо аз ҳисоби мардум. Мусоҳибаи раиси Хадамоти зиддинҳисорӣ
Ба ҳамин минвол, як бушкаи 5 - литраи равғани писта аз навъи “Олейна”, ки қаблан 68 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 75 сомонӣ ё ба ҳамин миқдор равғани пахта аз 59-60 сомонии қабл ба 65 – 70 сомонӣ баробар шудааст.
“Як дона тухм ҳамин як ҳафтаи қабл 80 – 90 дирам буд. Ҳоло 1 сомонии расо аст. Як кило шакар ҳам ки як ҳафтаи қабл 8 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло 50 дирам гарон шудааст”, - гуфт фурӯшандаи яке аз мағозаҳои хӯроквории шаҳри Душанбе.
Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон болоравии қимати маводи ниёзи аввал дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ ба чашм мехӯрад. Онҳо мегӯянд, як болоравии “ночиз” ё ками ин мавод дида мешавад.
Фурӯшандаҳо мегӯянд, қурби доллар боло рафт
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки вазъи нарху навои кишварро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор додаанд ва хулосаҳои худро ироа хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, ба қавли фурӯшандаҳои мағозаҳои хӯрокворӣ ва ордфурӯшиҳои Душанбе, тоҷирону ширкатҳои яклухтфурӯш сабаби боло бурдани моли тиҷораташонро ба боло рафтани қурби доллар рабт медиҳанд.
“Азбаски ин намуди маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад, харидуфурӯши он низ ба доллар – пули байнулмилалӣ сурат мегирад. Қурби доллар, ки боло рафт, ба таври худкор таъсири худро ба қиматҳо мерасонад”, - мегӯянд онҳо.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 1 доллари амрикоӣ ба 10 сомониву 33 дирам мубодила мешавад. Бино ба додаҳои расмӣ, қурби доллар тайи як моҳи ахир ҷаҳиши хеле ночиз ба ҳадди 2 дирам доштааст. Аммо дар “бозори сиёҳ” қурби доллар аз курси расмӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Соҳибкорон ҳам борҳо шикоят карда буданд, ки дар бонкҳо ба курси расмӣ доллари кофӣ наметавонанд ба даст оранд.